Раиси барканоршудаи ноҳияи Ёвон вазифаи нав гирифт

Ҷамшед Саидзода, ки 11-уми январи соли ҷорӣ аз вазифаи раиси ноҳияи Ёвон озод гардида буд, имрӯз, 18-уми январ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб шуд. Дар ин бора аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон хабар доданд. Тавре маълум гардид, имрӯз, 18-уми январ, дар анҷумани навбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ки […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Ҷамшед Саидзода, ки 11-уми январи соли ҷорӣ аз вазифаи раиси ноҳияи Ёвон озод гардида буд, имрӯз, 18-уми январ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон интихоб шуд. Дар ин бора аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон хабар доданд.

Тавре маълум гардид, имрӯз, 18-уми январ, дар анҷумани навбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ки бо иштироки муовини якуми раиси ҲХДТ ва раиси тозатаъини вилоят Давлаталӣ Саид баргузор шуд, раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб Қиёмиддин Миралиён аз вазифа озод ва ба ҷойи ӯ Ҷамшед Саидзода раиси нави  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ интихоб шудааст.

Маълум нест, ки раиси ҳамакнун, собиқи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён ба кадом вазифае таъин гардидааст ё не.

Гуфтан ба маврид аст, ки Ҷамшед Саидзода, ки 11-уми январи соли ҷорӣ дар пайи як тағйироти кадрӣ, бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз вазифаи раиси ноҳияи Ёвон озод ва бюа ҷойи ӯ Бахтиёр Шарифӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон таъйин гардида буд.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.