Лавров дар бораи фишори Ғарб ба кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳори назар кард

Asia-Plus

Кишварҳои Ғарб ба давлатҳои Осиёи Марказӣ фишор оварда, аз онҳо талаб мекунанд, ки ба таҳримҳо нисбати Маскав ҳамроҳ шаванд, гуфтааст вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни нишасти матбуотӣ. Дар ин бора Лента.ру хабар медиҳад.

Ба гуфтаи вазир, Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва Ҷопон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даст кашидан аз ҳамкорӣ бо Маскавро талаб мекунанд, зеро ба ақидаи онҳо, “Русия дар ҷанг бо Ғарб ба бохт дучор мешавад” ва пешниҳод мекунанд, ки пешакӣ мавқеи “ҷониби ғолиб”-ро ишғол намоянд.

“Ба иловаи пешниҳодоти лафзӣ, таҳдидҳои ҷиддии фишор низ сурат мегирад: шумо бозорҳои мо ва сармоягузорие, ки мо дар кишварҳоятон анҷом доданӣ ҳастем, аз даст медиҳед, барои кумак ба Русия дар канорагирӣ аз таҳримҳо даст кашед”, – иброз доштааст дипломат.

Сергей Лавров зикр кардааст, ки ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ маҷбуранд, ки чунин фишору таҳдидҳоро ба инобат гиранд.

“Мо исрор намеварзем, ки ҳамаи масъули сохтори иқтисодӣ дар ҳар кадоме аз давлатҳои ба мо дӯст субҳ сари минбар оянду бигӯянд, ки “мо мухолифи таҳримҳои зидди Русия ҳастем”. Ба мо кофист, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо ба таҳримҳо ҳамроҳ нашуд”, – таъкид доштааст вазири корҳои хориҷии Русия.

Лавров илова намудааст, ки ҷониби Русия дар якҷоягӣ бо шарикони дӯст "механизм ва абзорҳои нави ҳамкориро муваффақона таҳияву дарёфт мекунад, ки ба нозу нуз ва майлу ҳавасҳои ҳамкасбони ғарбӣ вобаста набошанд".

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...