Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон расман мақоми Донишгоҳи байнулмилалиро гирифт

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 19 декабри соли гузашта Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода расман ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода табдили ном кард. “Барои устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ин дастоварди таърихӣ, рӯйдоди муҳим ва иқдоми беназир аст”, – изҳор […]

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 19 декабри соли гузашта Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода расман ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода табдили ном кард.

“Барои устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ин дастоварди таърихӣ, рӯйдоди муҳим ва иқдоми беназир аст”, – изҳор доштаанд ба АМИТ “Ховар” аз донишгоҳ.

Табдили номи донишкадаро ҳанӯз 27 сентябри соли 2022 президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи биноҳои нави ин муассисаи таълимӣ пешниҳод карда буд.

Дар ин асос ба Вазорати маориф ва илм ва дигар вазорату идораҳо дастур дода шуд, ки дар муддати 3 моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро доир ба ин масъала таҳия ва ба ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Айни замон дар донишкада бо 11 забон (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, чинӣ, куриёӣ, ҷопонӣ, ҳиндӣ, арабӣ ва форсӣ) аз рӯйи 41 ихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мутахассис тайёр карда мешавад.

Ҳамзамон бо ин, донишкада бо 52 муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ ва ташкилоту муассисаҳои минтақавию байналмилалӣ робитаҳои ҳамкорӣ ба роҳ мондааст, ки ба пешрафти ҳамаҷонибаи фаъолият мусоидат менамояд.

Дар ин давра 2700 нафар шаҳрвандони 19 кишвари дуру наздики хориҷӣ ҳамчун донишҷӯву аспирант, инчунин дар курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзии донишкада таҳсил кардаанд.

Илова бар ин, соли 2021 дар заминаи факултаи забони англисӣ маркази тестии забони англисӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки дар байни дигар муассисаҳои таълимӣ ягона мебошад.

Ҳамчунин дар донишкада курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ ба роҳ монда шудаанд, ки дар онҳо шаҳрвандони мо ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҷалб мегарданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.