Фурӯши доруҳои “ДОК-1” ва “Док-Макс” дар Тоҷикистон расман манъ карда шуд

Фарзона Муродӣ, махсус барои "Asia-Plus"

Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар пайи тафтиши худ доруи “ДОК-1” ва “Док- макс”-ро, аз фурӯшгоҳҳои вилоят чидааст.

Қаблан Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо судури як фармоиш воридот ва фурӯши доруи “ДОК-1” ва “Док- макс”-ро ба кишвар муваққатан манъ карда буд.

Бояд гуфт, ки охири соли гузашта дар Ӯзбекистон аз истифодаи ин дору 20 нафар фавтида буд ва он замон мақомоти ин кишвар фурӯшу истифодаи ин доруро манъ карда, таҳқиқи марги кӯдаконро ба роҳ монд.

Мақомоти Тоҷикистон он замон гуфта буданд, ки “ин навъи дору дар дорухонаҳои кишвар дар фурӯш ҳаст, вале аз он шикояте то ҳол ворид нашудааст”.

Бо гузашти муддате мақомоти Тоҷикистон расман иттилоъ доданд, ки воридот ва фурӯши доруи “ДОК-1” ва “Док- макс”-ро ба кишвар муваққатан манъ кардаанд.

Ҳамакнун, мақомоти марбута дар вилояти Суғд аз чидани доруҳои дар фурӯшбуда расман хабар доданд.

Илҳом Пӯлодзода, сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар вилояти Суғд, имрӯз, 20-уми январ, ба “Азия-Плюс” гуфт, ки фармоишот ҳанӯз 28-уми декабри соли 2022 баромадааст ва онҳо дар асоси ин дастур, фурӯши  маводи дорувории “ДОК- 1” ва “Док макс”-ро боздоштаанд. Ҳамакнун, бо тафтиши хос ба чидани доруҳои зикргардида аз дорухонаҳо оғоз кардаанд.

“Гурӯҳи кории Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ дар вилояти Суғд 67 дона “ДОК-1” ва “Док- макс”-ро, ки дар шакли шарбат буд, мусодира кард. Ҳамчунин, 64 донаи дигар дар намуди ҳаб чида шуд”, – гуфт Илҳом Пӯлодзода.

Доруи мусодирагардида аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳи КВД “Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти формасефтӣ ва тибӣ” дар вилояти Суғд таҳлил шудааст ва маълум гардидааст, ки “ДОК-1” ва “Док- макс” ба талаботи стандарти дохиливу байналмиллалӣ ҷавобгӯ аст.

“Натиҷаи корҳои озмоишӣ мусбӣ баҳогузорӣ шуда, дар таркиби доруҳои чидашуда, моддаҳои заҳрнок пайдо нагардид. Новобаста аз ин, фурӯш ва воридоти он муваққатан манъ гардид”, – гуфт Илҳом Пӯлодзода.

Ин масъули Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ дар вилояти Суғд шарҳ дод, ки доруи “Док -1” бори охир моҳи марти соли 2021 ба Тоҷикистон ворид шудааст, аз ин лиҳоз дар таркиби он доруҳое, ки дар фурӯш буданду мусодира ва санҷиш шуданд, моддаҳои ба саломатии инсон зараровар ёфт кашф нашудааст.

Ба гуфтаи Илҳом Пӯлодзода, манъи воридот ва фурӯши доруи мазкур ба хотири пешгирӣ аз ҳолатҳои номатлуби эҳтимолӣ рӯйи даст гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи декабри соли 2022 аз истеъмоли доруи “Док-1 Макс” дар яке аз беморхонаҳои вилояти Самарқанди Ӯзбекистон аввал 18 нафар ва баъдан боз ду кӯдак, дар умум 20 кӯдак фавтид. Он замон хабаргузории “Фарғона” бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии Ӯзбекистон навишт, ки “таҳқиқоти пешакии лабораторӣ нишон доданд, ки дар таркиби ҳаб ва шарбати “Док-1 Maкс” маводи этиленгликол (этиленгликоль) будааст”. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...