“Хадамоти назорат: “Дар Тоҷикистон фавти касе аз истеъмоли доруи “Док-1 Макс” сабт нашудааст”

Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ягон ҳолати фавт аз истеъмоли доруҳои истеҳсоли ширкати Marion Biotech-ро ба қайд нагирифтааст. Ин ширкат доруҳореро чун "Док 1 МАКС", "Цинепар кид лайт", "Цинепар ибу кид", "Травамакс", "Траванайт", "Нолгрипп" ва ғайра истеҳсол мекунад. Дар Хадамоти мазкур ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки доруи “Док-1 Макс”, ки дар […]

Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ягон ҳолати фавт аз истеъмоли доруҳои истеҳсоли ширкати Marion Biotech-ро ба қайд нагирифтааст. Ин ширкат доруҳореро чун "Док 1 МАКС", "Цинепар кид лайт", "Цинепар ибу кид", "Травамакс", "Траванайт", "Нолгрипп" ва ғайра истеҳсол мекунад.

Дар Хадамоти мазкур ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки доруи “Док-1 Макс”, ки дар Ӯзбекистон бар асари истеъмоли он 20 нафар кӯдакон ҳалок шуданд, аз дорухонаҳои Тоҷикистон гирифта шуда, ҳамаи муассисаҳои дорусозӣ ва доруфурӯшӣ уҳдадор шуданд, ки то эълони натиҷаҳои ташхиси лабораторӣ ба фурӯши чаканаи он роҳ намедиҳанд.

“Айни замон 208 дона шарбати 100-миллилитрии “Док-1 Макс” ва 269 дона ҳаб (таблетка)-и он дар озмоишгоҳ санҷида мешаванд”, – гуфтанд дар Хадамот.

Ба иттилои манбаъ, ширкати Marion Biotech-и Ҳиндустон аз соли 2000-ум дар бозори Тоҷикистон фаъолият дорад.

“Аз он замон то имрӯз аз муолиҷа бо доруҳои ин ширкат ягон ҳолати заҳролудшавӣ ё марги одамон дар қаламрави Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст”, – хабар доданд аз Хадамот.

Дар ҳамин ҳол, зикр шуд, ки ба ҷуз “Док-1 Макс”, боқимонда доруҳои ширкат озодона дастрас буда, дар ҳама гуна дорухона онҳоро харидан мумкин аст. Рекламаи онҳо дар телевизион низ идома дорад.

Ҳафтаи гузашта Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи хатари шарбатҳои "Док-1 Макс" ва "Амбронол"-и Ҳиндустон, ки пастсифат буданашон дар Ӯзбекистон ошкор шуд, огоҳ кард.

Додгоҳ дар Ӯзбекистон иҷозатномаи ширкати Quramax Medikal – воридкунандаи шарбати “Док-1 Макс” ва дигар доруҳоро бекор намуда, мақомоти иёлат (штат)-и Уттар-Прадеш (Ҳиндустон) амали иҷозатномаи ширкати дорусозии Marion Biotech-ро боздоштанд.

Айни замон ба рӯзноманигорон, мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандон муяссар намешавад, ки бо намояндагони ширкати Marion Biotech-и Ҳиндустон тамос бигиранд. Ба иттилои манбаъҳо дар доираҳои дорусозӣ, то ҳодисаҳои фавт дар Ӯзбекистон онҳо бо ҳама ҳамкории хуб доштанд, лекин акнун дастнорасанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.