Оё дар таваллудхонаи Суғд воқеан ҳам инкубаторҳо ҳастанд?

Алия Хамидуллина, Asia-Plus

Ин савол пас аз дар шабака нашр шудани навори видео ва аксҳо ба миён омад, ки дар онҳо рӯзи 11 январ навзодон – шашгоникҳои рӯзи дигар фавтида гӯё берун аз шиша (кувез, инкубатор) хобида гузошта шудаанд. Барои дарёфти посух мо аз ин таваллудхона боздид намудем.

Дар таваллудхонаи вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд барои тифлони бармаҳал (норасида) бахши эҳёгарии кӯдакон бо се шӯъба мавҷуд аст.

Тавре ки ҳамшираҳои шафқат зикр карданд, шуъба барои нигоҳубини 20-25 тифлони бармаҳал таваллудшуда пешбинӣ шуда, дорои шишаҳо (инкубаторҳо), катчаҳо ва таҷҳизоти ҳаводиҳӣ мебошад.

Ба сурати умум дар палатаҳо 11 инкубатор (кувез) мавҷуд аст, ки 4-тояш корношоям буда, ба гуфтаи кормандон, баъзеи онҳо дигар таъмир ҳам намешаванд.

Дар инкубаторҳо тибқи қоида кӯдакони навзод нигаҳдорӣ мешаванд, ки ба дастгирии тамоми амалкардҳо (функсияҳо)-и ҳаётан муҳим ниёз доранд.

Тифлоне, ки дар онҳо аллакай низоми танзими ҳарорат (терморегулятсия) ташаккул ёфтааст, метавонанд дар качаҳо хобонида шаванд, ки дар он ҷо барои барқарорсозии пурра ва таҳкими ҷисми кӯдак чорабиниҳои иловагӣ гузаронида мешаванд.

Ба гуфтаи кормандони таваллудхона, шашгоникҳои рӯзи 11 январ дар ин ҷо таваллудшуда дарҳол ба инкубаторҳо гузаронида шуда буданд. Дар ин ҷо итминон медиҳанд, ки дар навори видео ва суратҳое, ки ҳамон рӯз дар шабакаи Интернет нашр шуданд, тифлон на дар катчаҳо, балки дар инкубаторҳо хобида гузошта шудаанд.

Аммо ба савол дар бораи аз ҷониби кӣ наворбардорӣ шудани видео мо ҷавоби мушаххас дарёфт карда натавонистем.

Сардухтури нави таваллудхона Мунира Валиева бо сабаби серкорӣ аз мусоҳиба худдорӣ варзида, танҳо иҷоза дод, ки дар шуъбаи эҳёгарӣ наворбардорӣ кунем.

Дигар корманди таваллудхона дар робита ба наворбардории тифлон ба “Азия-Плюс” чунин изҳори назар кард:

“Он рӯз дар таваллудхона каме саросемагӣ буд, зеро ҳар рӯз дар ин ҷо шашгоникҳо таваллуд намешаванд. Шояд кадоме аз кормандон бо истифода аз вазъият, ноаён тирезаи инкубаторро кушода, навори видео гирифтааст. Аз ин рӯ, дар суратҳо тамоми сохтори шиша (инкубатор) дида намешавад”.

Ҳомиладории дугоникӣ ва зиёда аз он зери таваҷҷуҳи махсус

Дар ҳамин ҳол, дар таваллудхона зикр карданд, ки заноне, ки дар онҳо ҳомиладории дугоникӣ ё зиёда аз он ошкор мешавад, бояд ҳарчи зудтар худро дар дармонгоҳ (поликлиникаи)-и маҳалли зисташон ба қайд гузоранд.

Агар ҳангоми ташхиси УЗИ мутахассис мавҷудияти зиёда аз ду ҷанинро ташхис карда бошад, пас чунин ҳомиладорӣ бояд таҳти назорати дақиқи духтурон қарор гирад, то ки саривақт патологияҳо (осебҳо) ошкор ва солимии минбаъдаи кӯдак муайян карда шавад.

Раҳбарияти дармонгоҳ дар ин бора бояд ҳатман ба Раёсати тандурустии вилоят хабар диҳад. Онҳо дар навбати худ, таваллудхонаҳоеро, ки барои таъмини таваллуд ва нигоҳубини тифлони норасида ва камвазн таҷҳизоти зарурӣ ва мутахассисон доранд, огоҳ мекунанд. Зеро дугоникҳо ё зиёда аз он тифлон бармаҳал ё норасид таваллуд мешаванд.

Дар ин ҳолат чунин зани ҳомиладорро дар таваллудхона барои нигаҳдорӣ бистарӣ мекунанд.

Агар таваллудхонаи шаҳру ноҳия ё вилоят шароитҳои зарурӣ надошта бошад, Вазорати тандурустиро огаҳ кардан лозим аст. Дар ин маврид тасмим гирифта мешавад, ки зани ҳомиладор ба Душанбе интиқол дода шавад, зеро дар пойтахт маркази перинаталӣ ва таваллудхонаҳое амал мекунанд, ки барои ҳолатҳои махсусан вазнин ва шадид пешбинӣ шудаанд.

Қобили зикр аст, ки тибқи иттилои Вазорати тандурустии кишвар, модари шашгоникҳо бо автомашинаи ёрии таъҷилӣ ба таваллудхонаи вилоятии Хуҷанд оварда шуда, дарҳол бистарӣ шуд. Хешовандони зани ҳомиладор гуфтанд, ки худашон мустақилона ба таваллудхона омада, хеле зиёд мунтазир шудаанд, ки занро қабул кунанд.

Ба иттилои Вазорат, сабаби марги тифлон вазни ниҳоят ками онҳо – аз 550 то 700 грамм мебошад. Зикр шуд, ки тифлони таваллудшуда аз рӯи мӯҳлати ҳомиладорӣ 26 ҳафта, қариб 6 моҳаро ташкил доданд, ки онро «кӯдакони норасидаи экстремалӣ» (бо вазни ниҳоят кам) мегӯянд. Модари тифлон хунукназарии табибонро зикр карда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...