ВАО: Раиси ноҳияи Рашт бо пора дастгир шудааст

Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, Раҳимҷон Набизода (Муқимӣ) ва Холмуҳаммад Ортиқов ба “тақсими ғайриқонунии замин” ва “гирифтани ришва” гумонзад ҳастанд. Боздошти онҳо нисфирӯзии 22-юми январ сурат гирифтааст. Як манбаи боварбахши Радиои Озодӣ дар Оҷонси мубориза бо фасод рӯзи 23-юми январ гуфт, раиси ноҳия ва раҳбари дастгоҳи ҳукумати Рашт “дар ҷойи кор ва дар ҳузури шоҳидон” […]

Радиои Озодӣ

Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, Раҳимҷон Набизода (Муқимӣ) ва Холмуҳаммад Ортиқов ба “тақсими ғайриқонунии замин” ва “гирифтани ришва” гумонзад ҳастанд. Боздошти онҳо нисфирӯзии 22-юми январ сурат гирифтааст.

Як манбаи боварбахши Радиои Озодӣ дар Оҷонси мубориза бо фасод рӯзи 23-юми январ гуфт, раиси ноҳия ва раҳбари дастгоҳи ҳукумати Рашт “дар ҷойи кор ва дар ҳузури шоҳидон” боздошт шудаанд.

“Шикоят расид, ки раиси ноҳия замин фурӯхта, дар маркази ноҳия чанд ҷойро ғайриқонунӣ ба соҳибкорон додааст. Далели тақсими ғайриқонунии замин тасдиқ шуда буд, вале раисро ҳангоми гирифтани беш аз 10 ҳазор доллар боздошт карданд. Ришваро раҳбари дастгоҳ гирифта, ҳангоми ба раиси ноҳия додан дастгир шудааст,” – афзуд манбаи Радиои Озодӣ.

Хабари боздошти раиси ноҳияи Рашт ва як зердасташро Саъдулло Худоёров, як фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ аз ноҳияи Рашт, рӯзи 23-юми январ дар Фейсбук гузошт.

Масъулони Оҷонси зиддифасод, ҳукумати ноҳияи Рашт ва идораҳои дигари давлатии Тоҷикистон хабарро тасдиқ ё рад накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи дигари Радиои Озодӣ дар минтақа иддао кард, ки Раҳимҷон Набизода (Муқимӣ) ба сабаби масунияташ ҳамчун узви Маҷлиси Миллӣ раҳо шуда, нисбат ба раиси дастгоҳ ба гумони “қаллобӣ” парванда кушодаанд. “Дар ҳоли ҳозир раиси дастгоҳи ҳукумати Рашт дар боздошт аст ва санҷиш нисбат ба ӯ идома дорад,” — афзуд ҳамсуҳбати мо ба шарти фош нашудани номаш.

Кӯшишҳо барои гирифтани шарҳи мақомот то ин лаҳза бенатиҷа буд. Ба ин сабаб маълум нест, раиси ноҳияи Рашт ва зердасташ дар боздошт ҳастанд ё яке аз онҳо.

Раҳимҷон Набизода (Муқимӣ) 61-сола аст. Дар гузашта сардори Идораи молия ва муовини аввали раиси ҳукумати Рашт буд. Аз соли 2019 раёсати ҳукумати ноҳияро ба дӯш дорад.

Холмаҳмад Ортиқов 64-сола аст. Аз соли 2017 дар мансаби раиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Рашт кор мекунад. Дар гузашта мудири маорифи минтақа буд.

Дар гузашта рӯйдодҳои ҳамсон дар баъзе аз ноҳияҳои дигар рӯй додаанд, аммо боздоштшудаҳо баъдан озод гашта, мавзӯи парванда аз фасоду ришва ба сӯистифода аз мансаб тағйир ёфтааст. Дар баъзе аз мавридҳо танҳо зердастон ҷазо дидаанд.

Соли 2020 Баҳром Иноятзода, шаҳрдори собиқи Кӯлоб ба иттиҳоми фасодкорӣ боздошт ва ба 12 сол зиндон маҳкум шуд. Худи ӯ ва пайвандонаш иттиҳомро рад карданд.

Маъмурони Оҷонси зидди фасодро дар Тоҷикистон ҳамвора барои дастгир накардани мансабдорони баланпоя танқид мекунанд. Ин ниҳод бештар дар бораи боздошти омӯзгорону пизишкон ва кормандони зинаҳои поини вазорату кумитаҳои давлатӣ гузориш медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.