Боздошти сармуҳосиби бахши фарҳанги ҳукумати шаҳри Кӯлоб

Сармуҳосиби бахши фарҳанги ҳукумати шаҳри Кӯлоб, ки дар як вақт тариқи шартнома дар мактаби №34-и ин шаҳр низ фаъолият доштааст, бо гумони тасарруфи 209 ҳазору 880 сомонӣ боздошт гардидааст. Дар ин бораи сомонаи расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иттилоъ медиҳад. “Шарипов Абдулҳамид Олимович дар вазифаи сармуҳосиби Бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти […]

Сармуҳосиби бахши фарҳанги ҳукумати шаҳри Кӯлоб, ки дар як вақт тариқи шартнома дар мактаби №34-и ин шаҳр низ фаъолият доштааст, бо гумони тасарруфи 209 ҳазору 880 сомонӣ боздошт гардидааст.

Дар ин бораи сомонаи расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иттилоъ медиҳад.

“Шарипов Абдулҳамид Олимович дар вазифаи сармуҳосиби Бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва дар як вақт тариқи шартномавӣ дар вазифаи сармуҳосиби Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и шаҳри Кӯлоб кору фаъолият намуда, дар давоми фаъолияти кориаш бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр дар якчанд ҳолат бо роҳи сохтакорӣ маблағи умумии 209880 сомониро ҳамчун музди меҳнат ба суратҳисоби корти пластикиаш интиқол додааст. Сипас Шарипов А.О. маблағи зикршударо нақдӣ намуда, онро бо роҳи азонихудкунӣ ба тасарруфи худ даровардааст ва дар натиҷа бо ин амали ғайриқонуниаш ба давлат ба миқдори махсусан калон зарари молиявӣ расонидааст”, – навиштааст ин ниҳод.

Дар робита ба ҳолати мазкур нисбати Шарипов Абдулҳамид бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” (ҷарима аз 124 ҳазор то 183 ҳазор сомонӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 10 то 15 сол) ва 323 (ҷарима аз 17 ҳазор то 25 ҳазор сомонӣ ё аз 1 то 2 сол корҳои ислоҳи ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 2 сол) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтишот ба суд ирсол гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.