Роштқалъа: Ҳалокати як нафар бар асари лағжиш дар пайроҳаи яхбаста

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Боришоти шадид дар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон хатари фаромадани тарма, сангрезӣ ва яхбандӣ дар шоҳроҳҳо, роҳҳои пиёдагард ва пайраҳаҳои кӯҳиро афзоиш додааст.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, як рӯз пеш дар ВМКБ як нафар ҳангоми ҳезумчинӣ ба ҳалокат расидааст.

“Шоми 23-юми январ як сокини 36-солаи деҳаи Бидизи Болои ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ҳангоми ҳезумчинӣ дар кӯҳистон дар пайроҳаи яхбандӣ лағжида, сараш ба ях бархӯрдааст. Вай бар асари ҷароҳати бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, – хабар медиҳад ин ниҳод.

Субҳи рӯзи 23-юми январ низ дар ҳудуди деҳаи Висиви ҷамоати деҳоти Бартанги ноҳияи Рӯшони ВМКБ сангрезӣ ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, бар асари офати табиӣ се хонаи истиқоматии ин деҳа осеб дидаанд.

“Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ҳаҷми хисороти расидаро Комиссияи минтақавии ҳолатҳои фавҷулода муайян мекунад", – хабар медиҳад КҲФ.

Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки бо дарназардошти сатҳи баланди фаромадани сел ва резиши сангҳо чораҳои бехатариро риоя намуда, аз чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳиву доманакӯҳӣ, сайру гашт, ҷамъоварии ҳезум, шикор ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд.

КҲФ инчунин ҳушдор медиҳад, ки роҳҳо низ бар асари ҳодисаҳои табиӣ хатарноканд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...