Роштқалъа: Ҳалокати як нафар бар асари лағжиш дар пайроҳаи яхбаста

Боришоти шадид дар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон хатари фаромадани тарма, сангрезӣ ва яхбандӣ дар шоҳроҳҳо, роҳҳои пиёдагард ва пайраҳаҳои кӯҳиро афзоиш додааст. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, як рӯз пеш дар ВМКБ як нафар ҳангоми ҳезумчинӣ ба ҳалокат расидааст. “Шоми 23-юми январ як сокини 36-солаи деҳаи Бидизи Болои ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ҳангоми ҳезумчинӣ […]

Боришоти шадид дар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон хатари фаромадани тарма, сангрезӣ ва яхбандӣ дар шоҳроҳҳо, роҳҳои пиёдагард ва пайраҳаҳои кӯҳиро афзоиш додааст.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, як рӯз пеш дар ВМКБ як нафар ҳангоми ҳезумчинӣ ба ҳалокат расидааст.

“Шоми 23-юми январ як сокини 36-солаи деҳаи Бидизи Болои ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ҳангоми ҳезумчинӣ дар кӯҳистон дар пайроҳаи яхбандӣ лағжида, сараш ба ях бархӯрдааст. Вай бар асари ҷароҳати бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, – хабар медиҳад ин ниҳод.

Субҳи рӯзи 23-юми январ низ дар ҳудуди деҳаи Висиви ҷамоати деҳоти Бартанги ноҳияи Рӯшони ВМКБ сангрезӣ ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, бар асари офати табиӣ се хонаи истиқоматии ин деҳа осеб дидаанд.

“Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ҳаҷми хисороти расидаро Комиссияи минтақавии ҳолатҳои фавҷулода муайян мекунад", – хабар медиҳад КҲФ.

Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки бо дарназардошти сатҳи баланди фаромадани сел ва резиши сангҳо чораҳои бехатариро риоя намуда, аз чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳиву доманакӯҳӣ, сайру гашт, ҷамъоварии ҳезум, шикор ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд.

КҲФ инчунин ҳушдор медиҳад, ки роҳҳо низ бар асари ҳодисаҳои табиӣ хатарноканд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.