Бонки миллӣ ба “Тад Дюти Фри” барои амалиёт бо асъори хориҷӣ иҷоза дод

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба ширкати "Тад Дюти Фри" барои фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ иҷозатнома дод.

Тавре ки шуъбаи матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, иҷозатнома ба ин ширкат ба муҳлати 3 сол дода шудааст.

Дар хабари БМТ доир ба ин ширкат, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд номида шудааст, ягон маълумот дода намешавад. Дар манбаъҳои боз низ дар бораи ширкат маълумот дастрас нест.

Дюти-фри – ин як реҷаи савдо мебошад, ки дар он молу маҳсулот бо шарти ба хориҷи кишвар баровардан бидуни пардохти аксизу боҷҳо ва як қисмати андозҳо фурӯхта мешавад. Мағозаҳои дюти-фри маъмулан дар минтақаи бетараф ё худ нейтралӣ (дар “хати сафед”) дар фурудгоҳҳо, инчунин нуқтаҳои заминии гузаргоҳҳои сарҳадӣ ҷойгир карда мешаванд.

Мувофиқи қонун «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», амалиёт бо асъори хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон манъ аст. Мақомоти асосии танзими асъор Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.

Фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ дар асоси иҷозатномаи аз ҷониби БМТ додашуда амалӣ карда мешавад, ки аз навъҳои зерин иборат аст:

– мағозаҳои савдои бебоҷ (duty-free shop);

– хизматрасонии махсус бо асъорӣ хориҷӣ;

– нуқтаҳои мубодилаи асъори  шахсони ваколатдор;

– миёнаравӣ дар бозори байналмилалии  асъор.

Тайи ду соли ахир ВКХ Тоҷикистон, КВД «Тоҷикаэронавигатсия”, ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва “Сомон Эйр”, ҶДММ «Созидание» (оператори меҳмонхонаи – Hyatt Regency Dushanbe) ва ширкатии CHL INTERNATIONAL (оператори Hilton Dushanbe), инчунин ширкати "Скай Кейтеринг", ки ба таъмини хӯрок дар ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳҳои Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб машғул аст, чунин иҷозатномаҳо гирифта буданд.

Муҳлати маъмулӣ (стандартӣ)-и иҷозатнома 3 солро ташкил дода, бо ба охир расидани муҳлати он, барои идомаи анҷом додани амалиёт бо асъори хориҷӣ шахсони ҳуқуқии дахлдорро лозим аст, ки иҷозатномаи нав гиранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...