Толибон ваъда доданд, ки барои таҳсил шароит фароҳам меоранд

Вазорати маорифи Афғонистон бо нашри як эъломия дар Рӯзи ҷаҳонии омӯзиш гуфтааст, ки мекӯшад то заминаи омӯзиши меъёриро дар Афғонистон фароҳам созад. Дар ин бора “Тулӯънюз” хабар медиҳад. Толибон*, ки дар соли 2021 қудрат дар Афғонистонро ба даст гирифтанд, гуфтаанд, ки айни ҳол дар кишвар 19 ҳазор мактаб ва 13 ҳазор мадрасаи динӣ фаъол ҳастанд. […]

Вазорати маорифи Афғонистон бо нашри як эъломия дар Рӯзи ҷаҳонии омӯзиш гуфтааст, ки мекӯшад то заминаи омӯзиши меъёриро дар Афғонистон фароҳам созад. Дар ин бора “Тулӯънюз” хабар медиҳад.

Толибон*, ки дар соли 2021 қудрат дар Афғонистонро ба даст гирифтанд, гуфтаанд, ки айни ҳол дар кишвар 19 ҳазор мактаб ва 13 ҳазор мадрасаи динӣ фаъол ҳастанд.

Толибон дар ҳоле аз фароҳам сохтани заминаи омӯзиши меъёрӣ сухан мегӯянд, ки беш аз 18 моҳ мешавад духтарони аз синфи шаш боло ба мактаб нарфтаанд ва ҳанӯз ҳам тасмими ниҳоӣ дар бораи бозкушоии мактабҳои миёна ва литсейҳои духтарон гирифта нашудааст.

Дар эъломияи Толибон гуфта шудааст: “Вазорати маориф ба мардуми Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ итминон медиҳад,  ки талош мекунад, то барои мардуми худ хадамоти меъёри омӯзиширо фароҳам бисозад”.

Ин дар ҳолест, ки мудири кулли Созмон омӯзиш, илм ва фарҳанги СММ аз Толибон хост, ҳуқуқи занон ва духтаронро дар Афғонистон таъмин намоянд.

Созмони Милали Муттаҳид дар як хабарнома гуфтааст, ки тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, то Толибон манъи таҳсил ва кор дар берун аз хона барои занони Афғонистонро лағв кунанд.

Дар чаҳорчӯби ин талошҳо мақомоти баландпояи СММ на танҳо дар худи Афғонистон, балки дар маҷмӯъ, дар минтақа машваратҳо анҷом дода, аз ҷаҳони ислом ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунанд, ки дар “аз ҷабҳаи ягона баромад карда”  ба Толибон ёдовар шаванд, ки ислом занонро аз хондан ва кор кардан манъ намекунад.

Дар ин бора Омина Муҳаммад, муовини аввали Дабири кулли СММ, ки тоза аз Афғонистон ва кишварҳои минтақа баргашт, дар як нишасти хабарӣ дар Ню-Йорк ба рӯзноманигорон хабар дод.

Гуфтан ба маврид аст, ки чанде пештар намояндагони Созмони Милали Муттаҳид аз Кобул ва Қандаҳор дидан карда, дар он ҷо бо сокинони маҳаллӣ, кормандони соҳаи башардӯстона, намояндагони мақомот, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар шахсиятҳои таъсиргузори ҷамъиятӣ мулоқот карданд.

Бояд гуфт, ки Толибон омӯзиши занон ва духтарони донишомӯз ва донишҷӯро “то амри сонӣ”, яъне вақти номаълум мамнӯъ карда ва гуфта буд, ки пас аз фароҳам кардани шароити лозим, дарвозаи мактабҳо ва донишгоҳҳоро дубора ба рӯй онҳо боз хоҳад кард.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.