Дар соли 2022 дар саросари дунё 67 корманди расонаҳоро куштаанд

Давоми соли 2022 дар саросари дунё 67 рӯзноманигор ва дигар кормандони расонаҳо кушта шудаанд. Ин болотарин талафот аз соли 2018 ба ин тараф аст. Дар ин бора дар гузориши тозаи Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон (CPJ) хабар дода шудааст. Ба иттилои CPJ, ҳангоми инъикоси ҳодисаҳои Украина 15 рӯзноманигор ва кормандони расонаҳо кушта шудаанд. Дар гузориш омадааст, ки […]

Сentralasian.org

Давоми соли 2022 дар саросари дунё 67 рӯзноманигор ва дигар кормандони расонаҳо кушта шудаанд. Ин болотарин талафот аз соли 2018 ба ин тараф аст. Дар ин бора дар гузориши тозаи Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон (CPJ) хабар дода шудааст.

Ба иттилои CPJ, ҳангоми инъикоси ҳодисаҳои Украина 15 рӯзноманигор ва кормандони расонаҳо кушта шудаанд. Дар гузориш омадааст, ки 13 тани онҳо ҳангоми ҷамъоварии иттилоъ ва ё гузориш додан кушта шудаанд.

Созмон менависад, бештар кушторҳо дар ибтидои ҷанги Русия зидди Украина сурат гирифтаанд. Охирин куштори корманди расонаҳо дар Украина дар моҳи майи соли 2022 рух дод. Он замон наворбардори фаронсавӣ Фредерик Леклерк-Имхофф дар автобуси ҳомили украинҳо аз бомборони Русия фирор мекард. Вай захмӣ шуд ва дертар фавтид.

Бархе аз рӯзноманигор гуфтаанд, низомиҳои Русия онҳоро барқасдона ба ҳадаф мегиранд, омадааст дар гузориши CPJ.

Хатарноктарин минтақа барои рӯзноманигорон дар соли 2022 Амрикои Лотинӣ будааст. Дар ин минтақа дар маҷмуъ 30 рӯзноманигор ва корманди расонаҳо кушта шудаанд. Ҳамаи онҳо ба инъикоси мавзуҳое аз қабили ҷинояткорӣ, фасодкорӣ, хушунати гуруҳҳои ҷиноӣ ва мушкилоти муҳитзистӣ машғул буданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.