Дар Тоҷикистон барномаи муҳоҷирати дохилӣ қабул шудаву дар асоси он садҳо оила аз манотиқи камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ кӯч бастаанд. Ин барнома барои муҳоҷирин таҳияи инфрасохтори заруриро пешбинӣ мекунад, аммо сокинони кӯчбаста аз мушкилоти худ нигаронӣ доранд.
Муҳоҷирати дохилӣ дар Тоҷикистон, ки пас аз соли 2000-ум оғоз гардид, дар чанд марҳила бояд амалӣ карда шавад. Дар ин замина қарори ҳукумат содир шудаву ба мақомоти дахлдор дастури лозима низ ироа гардидааст.
Тибқи қарори ҳукумат, нақшаи муҳоҷирати дохилӣ дар чанд марҳила амалӣ гардида, ҳадаф аз он кӯчонидани аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ мебошад.
Аз ҷумла, то ин лаҳза шаш қарори ҳукумат дар хусуси муҳоҷирати дохилӣ ба имзо расидааст, ки солҳои зеринро дар бар мегирад: 2008-2009, 2010-2012, 2013-2015, 2016-2018, 2019-2021 ва 2022-2024.
Дар қарорҳои ҳукумат таъкид мешавад, ки ҳадаф аз муҳоҷирати дохилӣ ҳамчунин, ҳалли масъалаҳои демографӣ, таъсиси шаҳраку деҳаҳои нави замонавӣ бо шароити моддию маишӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мебошад.
Бунёди инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла таъмин бо оби нӯшокӣ, барқ, сохтмони роҳ, мактаб ва бунгоҳи тиббӣ аз муҳимтарин вазифаҳоест, ки дар қарори ҳукумат дарҷ гардидааст ва барои иҷрои он мақомоти дахлдор муваззаф шудаанд.
“Ҷавонӣ”-и муҳоҷирони дохилӣ
Ноҳияи Хуросон яке аз минтақаҳоест, ки бояд оилаҳоро аз дигар манотиқи кишвар қабул кунад. Муҳоҷирати дохилӣ ба ин ноҳия соли 2007 оғоз гардид ва аз вилоятҳои Суғду ВМКБ ва навоҳии сераҳолии худи вилояти Хатлон давоми солҳои 2007-2021 беш аз 1200 оила ба ин ноҳия кӯчонида шуд.
Деҳаи Ҷавонӣ яке аз маҳаллаҳои навбунёди ноҳияи Хуросон аст, ки муҳоҷирони дохилиро қабул кардааст. Ин деҳа дар шафати шоҳроҳи Душанбе – Бохтар бунёд ёфта, мувофиқи маълумоти шӯъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Хуросон, давоми солҳои 2014 – 2021 аз ноҳияи Ишкошим – 20 оила, ноҳияи Айнӣ – 140 оила ва Мастчоҳ – 50 оила ба ин маҳалла кӯч бастаанд. Дар ин баробар, аз худи ноҳияи Хуросон 50 оила ба ин деҳа муҳоҷири дохилӣ шудаанд.
Оилаҳои мазкур дар марҳилаҳои гуногун ба ин деҳа кӯчидаанд ва аз ҳиҷрати баъзе оилаҳо қариб 10 сол сипарӣ мешавад. Аксари муҳоҷирони деҳаи Ҷавонӣ ба зиндагии нав одат кардаанд, вале мегӯянд, мақомот на ҳамаи ваъдаҳои худро амалӣ карданд.
3 ҳазор сомонӣ ва мактаби деҳаи ҳамсоя
Қудрат Давлатов, саробони оилае аст, ки 61 сол дорад ва 5 сол пеш аз деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ ба деҳаи Ҷавонӣ бо аҳли оилааш кӯч бастааст. Ӯ мегӯяд, “вақте фаҳмидем, ки дар ноҳияи Хуросон замин ҷудо мекунанду барои бурдани кӯчамон кумак мерасонанд, барои беҳтар кардани шароити зиндагӣ ба хулосае омадем, ки ба ин ҷо кӯчем”.
Ӯ аз оне, ки аз деҳаи сард ва замини санглох ба макони гарм ва дорои замини корам кӯчидааст хушҳол аст ва мегӯяд, ки ҳамдеҳаҳои қаблиаш низ ба ин макон омадаву бо шароити он шинос шудаанд ва кор пайдо карда, инҷо мондаанд.
Қудрат Давлатов таъкид мекунад, ки намояндагони Хадамоти муҳоҷират ҳам барояш кӯмак кардаанд.
“Вақте омаданӣ шудем, мақомот барои кӯчидан маблағ ҷудо кард. Масалан, ман 30 метри мураббаъ чӯбу тахта овардам ва пули боркашҳоро Хадамоти муҳоҷират пардохт кард. Ҳамчунин, 3 ҳазор сомонӣ қарзи имтиёзнок дод”, – мегӯяд Давлатов.
Қудрат Давлатов ҳарчанд кӯмакҳои инфиродиро ёдовар мешавад, аммо аз суханҳои ӯ маълум мегардад, ки инфрасохтори зарурии дар қарори ҳукумат зикршуда то ҳол бунёд наёфтааст.
Ӯ мегӯяд, яке аз мушкилоти онҳо ин роҳи мошингард аст. Ҳарчанд дар деҳаи Ҷавонӣ роҳ ҳаст, аммо он таъмирталаб мебошад.
Мушкили об низ дар ин деҳа мушоҳида мешавад. Қудрат Давлатов мегӯяд, оби нӯшокиро бо роҳе то хонаашон овардаанд, аммо масъалаи оби полезӣ ҳанӯз муаммо боқӣ мемонад.
“Ду манбаъи об дорем: то саргаҳи деҳа лӯлаи обрасон овардаанд ва дар болои деҳа бочкаи об бо ғунҷоиши 25 тонна насб кардаанд. Аз ин ду манбаъ то хонаҳоямон бо лӯла оби нӯшокӣ овардаем”, – мегӯяд Қудрат Давлатов.
Ба қавли ӯ, мақомот ваъда кардаанд, ки барои ҳалли мушкили оби полезӣ обанбор бунёд мекунанд, аммо ин ҳоло танҳо ваъда боқӣ мондааст.
Дар ин деҳа мактаби алоҳида ҳам бунёд нашудааст. Сокинони маҳал мегӯянд, ки дар деҳаи Истгоҳи Даҳана ва Меҳнатобод мактабу бунгоҳи тиббӣ сохтаанд, аммо деҳаи Ҷавонӣ то ҳол мактаб надорад.
“Бачаҳоямон аз шоҳроҳ гузашта, ба мактаби №52-и деҳаи ҳамсоя мераванд, ки бисёр хавфнок аст”, – мегӯяд Қудрат Давлатов.
Меҳрабону Шарипова ва оилаи ӯ ҳам соли 2014 аз деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ ба деҳаи Ҷавонӣ кӯч бастанд ва аз аввалин бошандагон дар ин рустои нав ба ҳисоб мераванд. Меҳрабону Шарипова мегӯяд, “вақте мо муҳоҷир шудем, аксар заминҳои ин ҷо холӣ буд ва шароити созгоре ҳам фароҳам набуд”.
“Давоми 5 соле, ки дар ин ҷоем, тавонистем хона, ошхона ва дигар иншооти заруриро созем. Мо аз деҳаи ҳавояш сард ба ин ҷо муҳоҷир шудем, ки ҳавои гарм дорад. Дар оғоз душвориҳо буданд, аммо ҳоло ба иқлими деҳаи нав одат кардаем”, – гуфт Меҳрабону Шарипова.
Ба гуфтаи Меҳрабону Шарипова, зиндагии аҳолии деҳаи Ҷавонӣ ҳам мисли сокинони бумии ин маҳал аст, дарахтони мевадиҳанда шинонда, дар замини наздиҳавлигӣ ба зироаткорӣ машғуланд.
Ӯ ҳам мегӯяд, обу барқ доранд, аммо мушкили ягонаашон дурии мактаб аст.
“Фарзандонам дар мактаби №52-и деҳаи ҳамсоя таҳсил мекунанд ва он дур аз деҳа ҷойгир аст. Онҳо аз шоҳроҳ мегузаранд ва ин хатарнок аст”, – мегӯяд ӯ.
Замину хонаҳои бе ҳуҷҷат
Мушкили дигаре, ки сокинони Ҷавониро нигарон кардааст, ин ҳуҷҷатгузорӣ нашудани хона ва заминҳои наздиҳавлигиашон аст. Ба қавли сокинони ин маҳал, аксари муҳоҷирон то ҳол ҳуҷҷати хона ва заминҳои наздиҳавлигии худро таҳия ва дастрас накардаанд.
“Мо бояд хонаву заминҳои нави худро расман ҳуҷҷатгузорӣ кунем, аммо барои ҳуҷҷатгузорӣ маблағҳои зиёд лозим аст, ки на ҳар оила имкони пардохти онро дорад. Хуб мешуд, агар ҳуҷҷатгузории заминҳо ва амвол барои муҳоҷирон ройгон мешуд”, – мегӯяд Қудрат Давлатов.
Мушоҳидаи деҳаи Ҷавонӣ ва андешаҳои сокинони он аз он дарак медиҳад, ки дар ин макон инфрасохтори зарурӣ ба шакли комил бунёд наёфта, сокинон аз мушкили мактабу роҳ ва обу ҳуҷҷатгузории манзилҳои навашон нигаронанд.
Ин дар ҳолест, ки тибқи қарори ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи “Тартиби амалӣ намудани муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2022-2024” ба ноҳияи Хуросон кӯчонидани боз 410 оилаи дигар аз саросари кишвар дар назар аст.
Гуфтан ба маврид аст, ки муҳоҷирати дохилии аҳолӣ ба зиммаи танҳо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ набуда, мақомоти дигари давлатӣ, аз ҷумла, ҳукумати вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои алоҳида, вазоратҳои нақлиёт, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаҳои давлатии идораи замин ва геодезӣ, меъморӣ ва сохтмон, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Саридораи геология, ширкати "Барқи Тоҷик" ва КВД "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" низ масъули бунёди инфрасохтори зарурӣ ва кӯчиши аҳолӣ мебошанд.
“Мардум оянд, инфрасохтор бунёд мешавад”
Назрулло Сайфиддинов, сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Хуросон, зимни сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, бунёди инфрасохтори зарурӣ дар нақша ҳаст ва онҳо интизори кӯчидани аҳолӣ ҳастанд.
“Инфрасохтор дар майдони холӣ сохта намешавад. Мардум оянду манзилҳои хешро созанд, масъулини сохторҳои давлатӣ инфрасохтори заруриро ҳатман бунёд мекунанд”, – гуфт Нарзулло Сайфиддинов.
Ӯ мегӯяд, дар деҳаи Ҷавонӣ 3 трансформатори барқӣ насб шуда, дар нақша ҳаст, ки як обанбор низ барои таъмини ин деҳа бо оби нӯшокию полезӣ сохта шавад. Барои сохтмони мактаб ва бунгоҳи тиббӣ низ замин ҷудо шудааст.
Ёдовар мешавем, ки мувофиқи қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2007 то кунун барои муҳоҷирати дохилии 1 ҳазору 247 оила заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст. Ҳамчунин, дар назар аст, ки барои муҳоҷирати дохилии минбаъда дар се мавзеи ноҳияи Хуросон замин ҷудо карда шавад. Дар ин мавзеъҳо муҳоҷирони дохилӣ аз ноҳияҳои Айнӣ, Мастчоҳ, Ишкошим, Дарвоз, Тоҷикобод, Мӯъминобод, Восеъ, Кӯшониён ва шаҳрҳои Леваканту Бохтар бояд кӯчонида шаванд.


