Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Кинофестивали Мумбай

Филмҳои коргардонҳои тоҷик дар Кинофестивали байнулмилалии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Мумбай (Ҳиндустон) доир мегардад, намоиш дода мешавад. Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар доданд, кинофестивал аз 27 то 31 январ баргузор мешавад. Филмҳои ҳунарии «Дов»-и коргардон Муҳиддин Музаффар, «Охирин сайди сайёд»-и коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоил ва «Роҳ»-и коргардон Носир […]

Филмҳои коргардонҳои тоҷик дар Кинофестивали байнулмилалии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Мумбай (Ҳиндустон) доир мегардад, намоиш дода мешавад.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар доданд, кинофестивал аз 27 то 31 январ баргузор мешавад.

Филмҳои ҳунарии «Дов»-и коргардон Муҳиддин Музаффар, «Охирин сайди сайёд»-и коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоил ва «Роҳ»-и коргардон Носир Саидов ба барномаи озмун дохил карда шудаанд.

Қобили зикр аст, ки қаблан ин филмҳо дар чанде аз ҷашнвораҳои байнулмилалӣ намоиш дода шудаанд.

Гуфта мешавад, Маҳмадсаид Шоҳиён, директори “Тоҷикфилм” ба ҳайати ҳакамони ҷашнвора шомил шудааст.

Чорабинии мазкур бо мақади барқарор намудани ҳамкориҳо байни фарҳангҳои гуногуни кишварҳои узви Созмон гузаронида мешавад.

Филмҳое, ки дар ҷашнвора намоиш дода мешаванд, ба шахсони алоқаманд ба кино имкон медиҳанд, ки бо фарҳангу тамаддунҳои гуногун ошноӣ пайдо кунанд.

Дар қисмати озмуни ҷашнвора ҳашт филм аз кишварҳои узви СҲШ ва дар қисмати берун аз озмун филмҳо барои дӯстдорони кино ба намоиш гузошта мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки айни замон давлатҳои зерин узви СҲШ мебошанд: Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон.

Се кишвар – Афғонистон, Беларус ва Муғулистон ба сифати нозирони созмон дониста мешаванд.

Боз 14 кишвар: Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Непал, Шри-Ланка, Миср, Арабистони Саудӣ, Қатар, Бахрайн, Кувейт, Малдив, Мянма, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Туркия шарикони муколама маҳсуб меёбанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.