Кишварҳои исломӣ ҷонибдорӣ карданд. Тоҷикистон узви ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ мешавад

Asia-Plus

Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 25 январ ҷаласаи Гурӯҳи кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) баргузор гардид, ки дар он номзадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати узвияти ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028-2029 ҷонибдорӣ шуд.

Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, намояндаи доимии кишвар дар СММ Ҷонибек Ҳикмат зимни муаррифии номзадиии кишвар қайд кард, ки бо иштироки фаъол дар чорабиниҳо ва равандҳои гуногун дар доираи СММ, инчунин бо назардошти таҷрибаи беназири кишвар вақти он расидааст, ки Тоҷикистон барои касби узвияти ғайридоимӣ дар Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028 – 2029 номзадии худро пешбарӣ намояд.

Гуфта мешавад, дар фарҷоми баррасии мавзӯи мазкур, кишварҳои узви СҲИ якдилона ҷонибдории худро аз номзадии Тоҷикистон барои касби узвияти ғайридоимии Шӯрои амнияти СММ барои солҳои 2028-2029 изҳор намуданд.

Шӯрои амнияти СММ мақоми доимо амалкунандаи Созмон буда, мутобиқи моддаи 24 Оинномаи СММ, таъмини сулҳу амнияти байнулмилалӣ ба дӯши он вогузор шудааст. Аз ҷумлаи шаш “мақоми асосӣ”-и СММ мебошад.

Созмони ҳамкории исломӣ созмони байнулмилалии кишварҳои исломист, ки айни замон 57 кишварро бо ҳудуди 1,5 млрд нафар аҳолӣ муттаҳид мекунад. Ҳамкорӣ байни давлатҳои мусулмонӣ, фаъолияти муштарак дар арсаи байнулмилалӣ ва расидан ба рушди устувор дар кишварҳои узви Созмон аз ҷумлаи ҳадафҳои СҲИ унвон мешаванд.

Ба ҳайати Шӯрои амнияти СММ 15 кишвари узв – 5 доимӣ ва 10 – ғайридоимӣ шомиланд, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ ба муҳлати ду сол интихоб карда мешаванд. Аъзои ғайридоимии Шӯрои амният аз рӯи мавқеи ҷуғрофӣ интихоб мешаванд:  

5 кишвар – аз давлатҳои Африқо ва Осиё;

1 кишвар – аз давлатҳои Аврупои Шарқӣ;

2 кишвар – аз давлатҳои Амрикои Лотинӣ;

2 кишвар – аз давлатҳои Аврупои Ғарбӣ ва дигар давлатҳо.

Аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ, ки ҳуқуқи вето доранд, Чин, Русия, Британияи Кабир, ИМА ва Фаронса мебошанд.

Қобили зикр аст, ки зиёда аз 50 кишвари узви СММ то ҳол ягон маротиба узви Шӯрои амнияти Созмон набудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...