Гармиву боронгариҳо. Обуҳавои моҳи феврал чӣ гуна мешавад?

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Обуҳавои Тоҷикистон ҳарчанд каме гарм шуда бошад ҳам, он ноустувор аст, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Дар ҷумҳурӣ аз 31 январ то 4 феврал боридани борон ва дар кӯҳҳову доманакӯҳҳо барфи тар пешбинӣ мешавад.

Ҳамчунин обуҳавошиносон огоҳ мекунанд, ки аз 31 январ то 2 феврал дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳи Ноҳияҳои тобеи марказ тармафароиҳо аз эҳтимол дур нест.

Дар Душанбе то 4 феврал обуҳавои абрнок дар назар буда, баъзан борон меборад. Ҳарорат шабона 3-5 ва рӯзона – то 10-12 дараҷа гарм мешавад.

Дар водиҳои Ноҳияҳои тобеи марказ боронҳои начандон зиёд, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бо барф ва баъзан пуршиддат дар назар буда, ҳарорат рӯзона 7-12 ва дар кӯҳҳо – 0-5 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд низ то 4 феврал ба мисли пойтахт боридани борон дар назар буда, ҳарорат шабона 0-2 ва рӯзона – 5-7 дараҷа гарм мешавад. Ба сурати умум дар вилояти Суғд боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳиву доманакӯҳ бо барф пешбинӣ мешавад. Ҳарорат рӯзона то 3-8 дараҷа гарм ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Обуҳаво дар шаҳри Бохтар низ ба мисли Душанбе шуда, фарқият метавонад 1 дараҷаро ташкил диҳад, лекин боришоти назаррас пешгӯӣ намешавад. Дар вилояти Хатлон обуҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон, баъзан пуршиддат пешгӯӣ шуда, ҳарорат шабона 2-7 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шарқи ВМКБ шабона 5-10 дараҷа хунук рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм шуда, дар шарқи вилоят ҳарорат шабона то 23-28 дараҷа хунук ва рӯзона – 15-20 дараҷа хунук мешавад. Дар шаҳри Хоруғ баъзан боришот (борону барф) дар назар буда, ҳарорат рӯзона 1-3 дараҷа гарм мешавад.

Обуҳавои моҳи феврал чӣ гуна мешавад?

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, ҳарорати миёнаи моҳона дар водиҳо ва доманакӯҳҳои Душанбе, водии Ҳисор ва вилояти Хатлон моҳи феврал 1 дараҷа болотар аз меъёр пешбинӣ мешавад. Ҳарорат дар водиҳо аз 3 то 8 дараҷа гарм ва доманкӯҳҳо – 1-4 дараҷа гарм мешавад.

Давоми моҳ тез-тез боронгариҳо ва барфи тар дар назар аст. Дар водиҳои вилояти Суғд моҳи феврал ҳарорат 3-7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ – 1-5 дараҷа хунук мешавад. Дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорат – шабона аз 1-6 дараҷа хунук то 6 дараҷа гарм, рӯзона 2-7 дараҷа гарм ва баъзан то 14 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.

Дар водии Рашт ва минтақаи ғарби ВМКБ моҳи феврал дар ноҳияҳои ҷудогона ҳарорати 1 дараҷа зиёдтар аз меъёр ва ҳарорати миёнаи аз 0 то 5 дараҷа гарм пешбинӣ шудааст.

Охири моҳ то 7 дараҷа гармшавии ҳаво дар назар аст. Дар давоми моҳ боришоти шиддаташон гуногун пешбинӣ мешавад.

Дар шарқи ВМКБ моҳи феврал ҳарорати миёнаи моҳона дар сатҳи 10-15 дараҷа хунук, дар Булункӯл – то 20 дараҷа хунук дар назар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...