Дар соли 2022 содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон беш аз 54 млн долларро ташкил дод

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 30 январ хабар дод, ки соли 2022 аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 54,3 млн доллар зиёда аз 191 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ интиқол дода шуд.  “Ин миқдор 17,6 ҳазор тонна камтар нисбат ба соли 2021 буда, лекин аз рӯи маблағ 17,6 млн доллар зиёдтар […]

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 30 январ хабар дод, ки соли 2022 аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 54,3 млн доллар зиёда аз 191 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ интиқол дода шуд.

 “Ин миқдор 17,6 ҳазор тонна камтар нисбат ба соли 2021 буда, лекин аз рӯи маблағ 17,6 млн доллар зиёдтар аст, – гуфт ӯ. – Зиёда аз 40% аз ҳаҷми умумии содироти маҳсулоти кишоварзиро сабзавот – 76,6 ҳазор тонна ташкил медиҳад, аз ҷумла 66,6 ҳазор тоннааш пиёз”.

Ба гуфтаи вазир, ҳаҷми содироти мева 29% аз ҳаҷми умумӣ ё худ 54,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

“Харидорони сабзавот ва меваи Тоҷикистон кишварҳои ИДМ (92%), асосан Русия ва Қазоқистон мебошанд”, – иброз дошт Ҳакимзода.

Зимнан зикр шуд, кидар соли 2023 ба парвариши пахта, картошка, пиёз ва сабзӣ афзалият дода мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.