Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар бекор ҳаст?

Шумораи бекорон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ сол аз сол меафзояд. Дар ин раддабандӣ Ӯзбекистон дар мақоми аввал ва Тоҷикистон дар ҷои охир аст. Бекорию фақр мардони ин кишварҳоро маҷбур мекунад, ки барои пайдо карди ризқ ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд. Дар ҳамин ҳол, мақомоти ин кишварҳо ҳамеша аз афзоиши ҷои кор мегӯянд, вале тавре […]

Шумораи бекорон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ сол аз сол меафзояд. Дар ин раддабандӣ Ӯзбекистон дар мақоми аввал ва Тоҷикистон дар ҷои охир аст. Бекорию фақр мардони ин кишварҳоро маҷбур мекунад, ки барои пайдо карди ризқ ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти ин кишварҳо ҳамеша аз афзоиши ҷои кор мегӯянд, вале тавре дида мешавад, дар аксри ҳолатҳо ин иддаоҳо танҳо дар рӯи варақ асту халос. Бо ишора ба он ки рӯзи 28-уми январ дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии бекорон эълон шудааст, “Азия-Плюс” тасмим гирифт, шумораи расмии бекоронро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ маълум кунад.

Бояд гуфт, ки мо танҳо омори расмии давлатҳоро бо такя ба кумитаҳои омори ин кишварҳо ва манбаъҳои боз ҷамъоварӣ кардем ва ба таври маълум иттилоъи расмӣ танҳо онҳо ҳастанд, ки расман дар мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ худро ҳамчун бекор дар қайд гузоштаанд.

Дар баробари ин, садҳо нафари дигар дар қайди мақомот нестанд, вале бекоранд ва барои пешбурди зиндагии худ ба дигар кишварҳо, асосан Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд. Аз ин рӯ, мо шумораи расмии муҳоҷирони меҳнатии ин кишварҳоро ҳам шуморидем. Чун онҳо низ бо сабаби набудани ҷои кор ва ё дар сатҳи паст қарор доштани маош ба муҳоҷират мераванд. Ин рақамҳо танҳо маълумоти расмии худи давлатҳо аст. Кишвари Русия омори муҳоҷиронро бештар нишон медиҳад. Аз ҷумла масъулини ин кишвар омори муҳоҷирони тоҷикро беш аз 1 млн мегӯянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.