Мушкили автобусҳои Хуҷанд кай ҳал мешавад?

Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд имрӯз, 30-юми январ, дар нишасти хабарӣ мушкили асосии автобусҳои шаҳрро шарҳ дод. Ба гуфтаи шаҳрдор, айни замон 80%-и автобусҳо дар ҳолати корӣ қарор дошта, аммо бо сабаби гаронии нархи сӯзишворӣ наметавонанд хароҷоти худро рӯйпӯш кунанд. Ба гуфти Шарифзода, барои талаботи шаҳрвандонро қонеъ кардан бояд дар муддати муайян автобусҳо то истгоҳ […]

Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд имрӯз, 30-юми январ, дар нишасти хабарӣ мушкили асосии автобусҳои шаҳрро шарҳ дод. Ба гуфтаи шаҳрдор, айни замон 80%-и автобусҳо дар ҳолати корӣ қарор дошта, аммо бо сабаби гаронии нархи сӯзишворӣ наметавонанд хароҷоти худро рӯйпӯш кунанд.

Ба гуфти Шарифзода, барои талаботи шаҳрвандонро қонеъ кардан бояд дар муддати муайян автобусҳо то истгоҳ ҳозир шаванд, чун қаблан дер омадани онҳо боиси норозигии сокинон гардида буд.

“Барои ин ҳоло хатти ҳаракати автобусҳо муайян карда мешавад, инчунин дар назар аст, 50 адад электробусҳо низ харидорӣ гардад, то эҳтиёҷоти мардум бароварда шавад”, – афзуд шаҳрдори Хуҷанд.

Бояд гуфт, дар нишасти матбуотии қаблӣ ҳам мушкили автобусҳо матраҳ шуда буд. Он вақт шаҳрдор гуфта буд, ки 30-35 адад афтобусҳое, ки дар хатти мусофиркашонӣ ҳастанд, бениҳоят кам аст. Дар ҳудуди шаҳр бояд 70-80 автобус ба кор барояд.

Масъулини идораи нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Хуҷанд дар посух ба саволи журналистон гуфта буданд, ки яке аз сабабҳои асосии кам ба кор баромадани автобусҳо таътили тобистонаи хонандагон аст. Аммо имрӯз таътил набошад ҳам, ангуштшумор будани автобусҳо дар шаҳр баръало мушоҳида мегардад.

Гуфтан ба маврид аст, ки то вуруди  автобусҳо ба  шаҳри Хуҷанд, яъне то соли 2018, шикоятҳо аз риоя нашудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳангоми мусофиргирӣ, зиёд гирифтани мусофирон, тамбашавии микроавтобусҳо дар кӯчаҳои марказии шаҳр, ҷалби ноболиғон ба микроавобусҳо барои пулчинӣ, бо либосҳои хонагӣ идора намудани микроавтобус ва ғайраҳо дар сомонаҳои иҷтимоӣ зиёд мечархид.

Ёдовар мешавем, ки масъулини ҳукумати вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бо назардошти шикоятҳои болоӣ ҳаракати автобусҳоро дар шаҳр зарур дониста, ба шаҳри Хуҷанд 100 адад автобусро харидорӣ карданд, аммо мушоҳида мешавад, ки ин ҳам ҳоло мушкили нақлиёти шаҳрро ба пуррагӣ ҳал накардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.