Тоҷикистон имсол ба истеҳсоли нуриҳои минералӣ оғоз мекунад

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода хабар дод, ки мавриди истифода қарор додани корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералии “ТоҷикАзот” дар арафаи ҷашни Наврӯз дар назар аст. Қаблан Вазорати саноат ваъда дода буд, ки корхона тирамоҳи соли 2022 ба кор дароварда мешавад.

“Дар баробари сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ низ яке аз омилҳои асосии таъсир ба арзиши аслии маҳсулоти кишоварзӣ мебошанд”, – гуфт Ҳакимзода.

Ба гуфтаи ӯ, имсол ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ҳудуди 200 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ ворид карда шуд, ки нисфи талаботи бахши кишоварзиро ба ин маҳсулот таъмин месозад.

“Барои ба даст овардани ҳосили хуби зироатҳои кишоварзӣ ба Тоҷикистон ҳамасола на камтар аз 400 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ лозим аст.

“Ягона корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералии азотӣ дар ҷумҳурӣ – “ТоҷикАзот” дар Сарбанд бояд дар арафаи ҷашни Наврӯз ба кор даромада, навбати аввали он метавонад зиёда аз 100 ҳазор тонна карбамид истеҳсол кунад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хатҳои нав, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот метавонад то ба 200 ҳазор тонна расонида шавад”, – изҳор дошт вазир.

Зимнан зикр шуд, ки “ин метавонад ба таври назаррас вазъи мушкилро дар бозори нуриҳои минералӣ осонтар гардонад”.

Комбинати дуюми истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар кишвар метавонад "ТАЛКО Кемикал” шавад. Дар он нуриҳои минералии фосфорӣ – суперфосфат ва нитрофосфат истеҳсол хоҳанд шуд. Лекин ҳоло дар бораи кай ба истифода додани он ҳеҷ гапе нест.

Дар ҳамин ҳол, мувофиқи Дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисоди ҷумҳурӣ, то соли 2025 Тоҷикистон воридоти нуриҳои минеалиро то 309 ҳазор тонна зиёд мекунад.

Айни замон нархи 1 кило нурии минералии азотӣ вобаста ба номгӯй аз 7 то 12 сомониро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...