Тоҷикистон имсол ба истеҳсоли нуриҳои минералӣ оғоз мекунад

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода хабар дод, ки мавриди истифода қарор додани корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералии “ТоҷикАзот” дар арафаи ҷашни Наврӯз дар назар аст. Қаблан Вазорати саноат ваъда дода буд, ки корхона тирамоҳи соли 2022 ба кор дароварда мешавад. “Дар баробари сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ низ яке аз омилҳои асосии таъсир ба арзиши аслии маҳсулоти кишоварзӣ […]

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода хабар дод, ки мавриди истифода қарор додани корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералии “ТоҷикАзот” дар арафаи ҷашни Наврӯз дар назар аст. Қаблан Вазорати саноат ваъда дода буд, ки корхона тирамоҳи соли 2022 ба кор дароварда мешавад.

“Дар баробари сӯзишворӣ, нуриҳои минералӣ низ яке аз омилҳои асосии таъсир ба арзиши аслии маҳсулоти кишоварзӣ мебошанд”, – гуфт Ҳакимзода.

Ба гуфтаи ӯ, имсол ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ҳудуди 200 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ ворид карда шуд, ки нисфи талаботи бахши кишоварзиро ба ин маҳсулот таъмин месозад.

“Барои ба даст овардани ҳосили хуби зироатҳои кишоварзӣ ба Тоҷикистон ҳамасола на камтар аз 400 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ лозим аст.

“Ягона корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералии азотӣ дар ҷумҳурӣ – “ТоҷикАзот” дар Сарбанд бояд дар арафаи ҷашни Наврӯз ба кор даромада, навбати аввали он метавонад зиёда аз 100 ҳазор тонна карбамид истеҳсол кунад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хатҳои нав, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот метавонад то ба 200 ҳазор тонна расонида шавад”, – изҳор дошт вазир.

Зимнан зикр шуд, ки “ин метавонад ба таври назаррас вазъи мушкилро дар бозори нуриҳои минералӣ осонтар гардонад”.

Комбинати дуюми истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар кишвар метавонад "ТАЛКО Кемикал” шавад. Дар он нуриҳои минералии фосфорӣ – суперфосфат ва нитрофосфат истеҳсол хоҳанд шуд. Лекин ҳоло дар бораи кай ба истифода додани он ҳеҷ гапе нест.

Дар ҳамин ҳол, мувофиқи Дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисоди ҷумҳурӣ, то соли 2025 Тоҷикистон воридоти нуриҳои минеалиро то 309 ҳазор тонна зиёд мекунад.

Айни замон нархи 1 кило нурии минералии азотӣ вобаста ба номгӯй аз 7 то 12 сомониро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.