Баъди нашри гузориши “Азия-плюс” як “бомж” соҳиби сарпаноҳ шуд

Фарзона Муродӣ, махсус барои "Азия-Плюс"

Одилҷон Халилов, бесарпаноҳ ё “бомж”, ки чанде қабл “Азия-Плюс” оид ба тақдиру шароити зисти ӯ гузориш нашр намуда буд, аз ҷониби ҳамсинфонаш шиносоӣ ва соҳиби сарпаноҳ гардид. Дар ин бора Баҳрӣ Абдураҳмонова, мудири созмони “Диёр” иттилоъ дод.

Одилҷон Халилови 60-сола, яке аз бесарпаноҳон дар шаҳри Хуҷанд мебошад, ки давоми 5-сол аст дар кӯчаҳои шаҳр мегардад. Ӯ сокини шаҳри Исфара буда, барои рафтан ба хонаи пиронсолон ҳуҷҷатҳои лозима надорад.

Мудири созмони “Диёр”, ки дар Хуҷанд мустақар буда ба расонидани кӯмак ба нафарони бесарпаноҳ машғул аст, мегӯяд, “давоми 20-соли фаъолият бори аввал аст, ки баъди нашри мавод як бесарпаноҳро суроғ мекунанд”.

“Ҳамсинфони Одилҷон Халилов гузориши “Азия-Плюс”-ро дида, новобаста ба он ки 40 сол пеш мактабро хатм кардаанд, ӯро шинохтаанд. Онҳо суроғ карда омаданд ва иқдом намуданд, ки ҳамсинфи худро табобат карда, дар таҳияи ҳуҷҷатҳо барои ба хонаи пиронсолони шаҳри Хуҷанд ҷой кардан саҳм гузоранд”, – гуфт Баҳри Абдураҳмонова.

Пас аз таҳияи ҳуҷҷатҳои Одил Халилов, 31-уми январ ӯ ба Муассисаи давлатии “Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Хуҷанд” бурда шуд.

“Барои марде, ки 5 сол бе сарпаноҳ буду дар кӯчаҳо мезист ва интизори дастгирӣ буд, ин як муҷиза аст”, – мегӯяд Баҳрӣ Абдураҳмонова.

Гуфтан ба мавриди аст, ки дар хусуси Одил Халилов “Азия-Плюс” 21-уми декабр таҳти унвони “Фавти беш аз 30 “бомж” дар Хуҷанд. Онҳо ба кӯмак ниёз доранд” матлаб омода карда буд.

Он замон Одил Халилов гуфта буд, ки шиносномаи худро дар Русия, ки чанд сол он ҷо буд, гум кардааст ва ҳамин тариқ, то ба ҳол барои гирифтани шиноснома кӯшиш накардааст.

Ӯ зикр карда буд, ки аслан дар шаҳри Исфара мезист ва бо духтари доғистоние оила бунёд карда, соҳиби дугоник шуд. Ҳар ду фарзанди ӯ дар Афғонистон хизмат карданд ва соли 1996 дар пайи хизмат ҳарду шаҳид шуданд.

Ба гуфтаи ӯ, вақте ҷасади фарзандонашро оварданд, ҳамсари доғистониаш Мадина Расулова баробари дидани ҷасадҳо дилкаф шуда, фавтид ва ҳамин тариқ, ӯ яккаву танҳо монд.

Вақте баъди солҳо Одилҷон Халилов ба зодгоҳаш баргашт, фарзандони падар аллакай хонаю дарашро аз худ карда, ӯро дигар ба хонаи падарӣ роҳ надоданд ва ҳамин тавр ӯ бесарпаноҳ ва овора гашт.

Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти ироакардаи созмони "Диёр" то соли 2021 дар вилояти Суғд қариб 500 бесарпаноҳ зиндагӣ мекард. Аксари онҳо  баъди бесарпаноҳ монда, дар кӯча зиндагӣ кардан, дар гаражу вайронаҳо  вафот мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...