Тоҷикистон захираи бузурги фосфорит дорад, лекин касе ба истихроҷаш машғул нест

Дар Тоҷикистон 3 кон ва 15 зуҳуроти фосфорит мавҷуд буда, барои истеҳсоли нуриҳои минералӣ, имсол коркарди онҳо оғоз мегардад. Роҳбари Саридораи геологияи Тоҷикистон Илҳом Оймуҳаммадзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита хабар дод, ки захираи пешбинишудаи фосфоритҳо тақрибан 65 млн тоннаро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди Тоҷикистон фосфоритҳо дар қаторкӯҳҳои Ҳисор ва Зарафшон мавҷуданд. Кони […]

Дар Тоҷикистон 3 кон ва 15 зуҳуроти фосфорит мавҷуд буда, барои истеҳсоли нуриҳои минералӣ, имсол коркарди онҳо оғоз мегардад.

Роҳбари Саридораи геологияи Тоҷикистон Илҳом Оймуҳаммадзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита хабар дод, ки захираи пешбинишудаи фосфоритҳо тақрибан 65 млн тоннаро ташкил медиҳад.

Дар ҳудуди Тоҷикистон фосфоритҳо дар қаторкӯҳҳои Ҳисор ва Зарафшон мавҷуданд. Кони Ревад дар Панҷакент кони аз ҳама бештар омӯхташудаи фосфорит мебошад.

Фосфоритҳои Тоҷикистон дар таркиби худ элементҳои гуногун дошта, аз микронуриҳо метавон сангҳои фосфат ба даст овард ва суперфосфат истеҳсол кард.

Тавре ки маълум аст, бахши кишоварзии Тоҷикистон ба ин нуриҳо ниёзи шадид дошта, онро дар ҳаҷмҳои зиёд аз хриҷа мехарад.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон ягон ширкат ба истихроҷи фосфорит ва коркарди он машғул нест.

Соли гузашта Вазорати саноат хабар дода буд, ки ширкати “ТАЛКО” дар Ёвон корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералии фосфорӣ, аз ҷумла суперфосфат ва нитрофосфат месозад, ки бар асоси ашёи хоми истихроҷшуда аз конҳои Тоҷикистон истеҳсол мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.