Дар Тоҷикистон офати табиӣ зиёд, аммо хисорот кам шудааст

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Соли 2022 дар Тоҷикистон ҳудуди 700 ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуда, аз ҳисоби 46 (соли 2021-ум 52) ҳодиса, хисороти офатҳои табиӣ 53 миллиону 261 ҳазору 500 сомониро ташкил додааст. Дар ин бора рӯзи 7-уми феврал ба хабарнигорон Имомалӣ Иброҳимзода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод.

Ба иттилои ӯ, ҳаҷми хисорот назар ба соли 2021 88 миллиону 723 ҳазор сомонӣ камтар аст: соли 2021  офатҳои табиӣ ба кишвар 141 миллиону 984 ҳазору 500 сомонӣ хисорот ворид карда буд. Ин дар ҳолест, ки дар соли 2022 назар ба як соли пеш 338 ҳодиса бештар рух додааст.

“Ин ба он далел аст, ки дар соли гузашта шумораи ҳолатҳои фавқулодаи густурда камтар буд", – шарҳ дод Имомалӣ Иброҳимзода.

Номбурда гуфт, соли гузашта бар асари офатҳои табиӣ 8 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ин рақам дар соли 2021-ум низ 8 нафар будааст.

Ба иттилои Имомалӣ Иброҳимзода, соли 2022 бинобар риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар дарёву кӯлҳои кишвар 160 нафар (дар соли 2021 159 нафар) ғарқ гашта, ба ҳалокат расидаанд.

“Аз ин шумора синни то 4-сола 11 нафар, аз 5 то 10-сола 25 нафар, аз 11 то 16-сола 44 нафар, аз 17 то 35-сола 49 нафар ва аз 35 сола боло 29 нафарро мебошанд”, – гуфта шуд дар нишасти матбуотӣ.

Соли 2022 наҷотдиҳандагон 44 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот додаанд.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...