Дар Тоҷикистон офати табиӣ зиёд, аммо хисорот кам шудааст

Соли 2022 дар Тоҷикистон ҳудуди 700 ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуда, аз ҳисоби 46 (соли 2021-ум 52) ҳодиса, хисороти офатҳои табиӣ 53 миллиону 261 ҳазору 500 сомониро ташкил додааст. Дар ин бора рӯзи 7-уми феврал ба хабарнигорон Имомалӣ Иброҳимзода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод. Ба иттилои ӯ, ҳаҷми хисорот назар ба […]

Соли 2022 дар Тоҷикистон ҳудуди 700 ҳодисаи фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуда, аз ҳисоби 46 (соли 2021-ум 52) ҳодиса, хисороти офатҳои табиӣ 53 миллиону 261 ҳазору 500 сомониро ташкил додааст. Дар ин бора рӯзи 7-уми феврал ба хабарнигорон Имомалӣ Иброҳимзода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дод.

Ба иттилои ӯ, ҳаҷми хисорот назар ба соли 2021 88 миллиону 723 ҳазор сомонӣ камтар аст: соли 2021  офатҳои табиӣ ба кишвар 141 миллиону 984 ҳазору 500 сомонӣ хисорот ворид карда буд. Ин дар ҳолест, ки дар соли 2022 назар ба як соли пеш 338 ҳодиса бештар рух додааст.

“Ин ба он далел аст, ки дар соли гузашта шумораи ҳолатҳои фавқулодаи густурда камтар буд", – шарҳ дод Имомалӣ Иброҳимзода.

Номбурда гуфт, соли гузашта бар асари офатҳои табиӣ 8 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ин рақам дар соли 2021-ум низ 8 нафар будааст.

Ба иттилои Имомалӣ Иброҳимзода, соли 2022 бинобар риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар дарёву кӯлҳои кишвар 160 нафар (дар соли 2021 159 нафар) ғарқ гашта, ба ҳалокат расидаанд.

“Аз ин шумора синни то 4-сола 11 нафар, аз 5 то 10-сола 25 нафар, аз 11 то 16-сола 44 нафар, аз 17 то 35-сола 49 нафар ва аз 35 сола боло 29 нафарро мебошанд”, – гуфта шуд дар нишасти матбуотӣ.

Соли 2022 наҷотдиҳандагон 44 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот додаанд.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.