“Шаҳрвандон шикоят доранд”. Бонкҳои муфлисшудаи Тоҷикистон кай пурра барҳам дода мешаванд?

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Бонкҳои муфлисшудаи Тоҷикистон бо гузашти аз 2 то 6 сол уҳдадориҳои худро иҷро накардаанд ва шаҳрвандон аз рӯи бонкҳо ба Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон шикоят бурдаанд. Дар ин бора Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ, имрӯз, 7-уми феврал, иттилоъ дод.

Рустам Мирзозода дар посух ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” дар робита ба ворид шудани шикоятҳо алайҳи бонкҳои муфлисшуда гуфт, ҳоло уҳдадориҳои бонкҳои “Тоҷпромбонк”, “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” боқӣ мондаанд ва барои пурра барҳам додани онҳо фурсат муайян гардидааст.

“Омилҳое ҳастанд, ки барои пурра барҳам додани бонкҳои муфлисшуда садди роҳ мешаванд. Қарзҳояшон боқӣ мондааст, аз рӯи бонкҳо ба судҳои олии иқтисодӣ шикоятҳо ворид шудаанд. То ин марҳилаҳо паси сар нашаванд, бонкҳои муфлисшударо пурра барҳам додан наметавонем”, – гуфт Мирзозода.

Ба “Тоҷпромбонк” 6 моҳ муҳлат дода шуд

Ба гуфтаи Рустам Мирзозода, бонки муфлисшудаи “Тоҷпромбонк” дар зарфи шаш моҳи дигар уҳдадориҳояшро пурра рафъ карда, барҳам дода мешавад. Ба ин бонк то моҳи июни соли 2023 муҳлат муайян шудааст.

Раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ гуфт, ҳоло аз рӯи бонки “Тоҷпромбонк” 246 нафар шаҳрвандон шикоят доранд ва 37 млн сомонӣ қарзи ин бонк боқӣ мондааст.

Дар ин баробар, ба гуфти Рустам Мирзозода, бонки дигари муфлисшуда “Тоҷиксодиротбонк” ҳам то ба ҳол 1 миллиарду 243 миллион сомонӣ уҳдадориҳояш боқӣ мондааст ва то пурра рафъ кардани ин қарзҳо масъалаи барҳамдодани бонк ба мавқуф гузошта шудааст.

Рустам Мирзозода мегӯяд, дороиҳои “Тоҷиксодиротбонк” 3 млрд 888 млн сомонӣ, яъне бештар аз уҳдадориҳояш аст.

“Агроинвестбонк” – бонки дигари муфлисшуда ҳам, то 31-уми декабри соли 2022, бештар аз 1 млрд 600 млн сомонӣ дороиҳо ва 1 млрд 400 млн сомонӣ уҳдадорӣ дорад.

Ҳамин тавр, то имрӯз “Тоҷпромбонк” – 80, “Тоҷиксодиротбонк” – 70 ва “Агроинвестбонк” – 40 дарсади амонати муштариёнашонро баргардониданд.

Таърихи бонкҳои муфлисшуда

Бояд гуфт, ки шуруъ аз соли 2016 “Тоҷпромбонк”, “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” бо мушкили пардохтпазирӣ дучор шуда, то имрӯз дар марҳилаи барҳамдиҳии маҷбурӣ қарор доранд.

Ба гуфтаи Бонки миллии Тоҷикистон, ҳалномаҳои Суди иқтисодии шаҳри Душанбе аз 3-юми марти соли 2017 “Тоҷпромбонк”-ро бонки муфлисшуда эълон кардааст. Акнун 6 сол мешавад, ки ин бонк қарзҳояшро пурра пардохт карда наметавонад.

Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаҳои “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”-ро ҳам 26-уми майи соли 2021 бозхонд карда буд.

Амонатгузорону пасандозгузорони ин бонкҳо, солҳо инҷониб тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо шикоят мекунанд, ки наметавонанд маблағҳои худро бозпас гиранд ва мудирони махсусу барҳамдиҳандагони Бонки миллии Тоҷикистон таъинкарда ҳам наметавонанд ба доди онҳо расидагӣ кунанд.

Ёдовар мешавем, ки мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ, муҳлати асосии маҷбуран барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ 2 солро ташкил медиҳад. Агар ин муҳлат кофӣ набошад, тариқи муроҷиат ба суд, ҷараёни барҳамдиҳиро метавон боз 2 соли дигар тамдид намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...