Агентии обуҳавошиносӣ: Ҳарорат 8-10 дараҷа паст мешавад

Asia-Plus

Рӯзҳои 9-10 феврал дар ҷумҳурӣ якуякбора ноустуворшавии вазъи обу ҳаво дар назар аст. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар қисми зиёди ноҳияҳо то 8-10 дараҷа паст мешавад.

Гуфта мешавад, 9 феврал дар водиҳо асосан борон меборад ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришот (борон, барф) ба амал омада, 10 феврал дар водиҳо боришоти борон ба барф мегузарад ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ асосан барф меборад.

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра (рӯзҳои 9-10 феврал) боришоти бошиддат дар минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, доманакӯҳҳои вилояти Хатлон ва ғарби ВМКБ аз эҳтимол дур нест.

Зикр мегардад, ки рӯзҳои 7-11 феврал дар минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ, дар шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ (километрҳои 44-79) сар задани зуҳуроти тарма пешгӯӣ мешавад.

Дар Душанбе ва Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорат аз 16 дараҷа гарми имрӯз рӯзҳои минбаъда то 4 дараҷа гарм рӯзона ва 4 дараҷа хунук шабона поин меравад. Ҳавои абрнок, боришот (борону барф), туман дар назар аст.

Дар шаҳри Хуҷанд ва вилояти Суғд ҳарорати 10 дараҷа гарм ба 3 дараҷа хунук рӯзона ва то 10 дараҷа хунук шабона иваз мешавад. Баъзан бошиддат борон борида, туман мефарояд.

Дар шаҳри Бохтар ва вилояти Хатлон обуҳавои абрнок ва боридани борон, баъзан пуршиддат пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат рӯзона 6-8 дараҷа гарм ва шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Хоруғ ва ВМКБ ҳавои абрнок ва баъзан боридани барф пешбинӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво тағйир ёфта дар ғарби вилоят шабона аз 4-9º хунук то 12-17º хунук, рӯзона аз -2+3º то 1-6º хунук, дар шарқи вилоят шабона аз 17-22º хунук то 25-30º хунук (дар мавзеи Булункӯл то 38-40º хунук), рӯзона аз 4-9º хунук то 10-15º хунук (дар мавзеи Булункӯл то 18-20º хунук) мешавад.

Дар ҳамин иртибот КҲФ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки дар ин рӯзҳо сафарҳои худро дар роҳҳои кӯҳӣ бидуни зарурати таъҷилӣ маҳдуд намуда, аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, моҳидорӣ, ғунучини ҳезум ва шикор дар манотиқи кӯҳистон худдорӣ кунанд, ҳангоми истифодаи дастгоҳҳои барқии гармкунанда ва истифода аз бухориҳое, ки бо ангишт гарм мешаванд, қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя намоянд.

Ба хотири рух надодани ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳо, Кумита аз ронандагон дархост менамояд, ки бо суръате ҳаракат кунанд, ки бехатариро дар ҷойҳои сермошин, назди мактабу гардиш ва нишеб фаромадан таъмин созад.

Тавсия мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ масофаи байни мошинҳо назар ба муқаррарӣ дарозтар нигоҳ дошта шавад, зеро масофаи манъкунӣ (боздоштан)-и мошин дар роҳҳои лағжон хеле зиёдтар мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...