Раиси Кумитаи сохтмон. Биноҳои Душанбе ба заминҷунбии 8,5-9 бала тобоваранд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва  сохтмони Тоҷикистон гуфт, биноҳои Душанбе ба заминҷунбии 8,5 ва 9 бала тобоваранд.

Ӯ, ки имрӯз, 8-уми феврал дар нишасти матбуотӣ суҳбат мекард, ба таври мисол аз зилзидлаи 6,6 бала дар Душанбе, чанд сол пеш замоне, ки ӯ муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон буд, рух дод, мисол овард ва афзуд, дар натиҷаи он биноҳои баландошёнаи Душанбе таъсири ҷиддӣ надиданд.

– Ҳатто “кран”-е, ки дар ҳолати корӣ буд, чапа нашуд. Баъди ин, мо комиссияи корӣ таъсис додем, ва аз иншоотҳо дидан кардем. Вақти санҷиш дар ду бинои 20-ошёнаи Душанбе маълум шуд, ки танҳо дар қисмати поёнӣ каме андоваи он кафида тамом, дигар зарар надида буд.

Ҳарчанд, биноҳои баландошёна кафиданд, рангу бораш рехт, вале худи биноҳо фурӯ нарехтанд. Муҳим бино фурӯ наравад, чунки дар сурати фуру рафтани бино талафоти ҷонӣ мешавад. Сиёсати дигари сохтмонӣ ҳаст, ки дар вақти заминларза бигзор бино “коробка” афтад, вале фурӯ наравад. Чукни дар ин сурат одамон зинда мемонанд. – гуфт Низом Мирзозода.

Вай афзуд, аксари биноҳои Душанбе “каркасний” сохта шудааст, яъне қисмати “конструктиви”-и бино аз оҳану бетон ва қисмати поёнӣ аз мехсутунҳо (сваяҳо) иборат аст, ки ин имкон медиҳад биноҳо дар зилзилаҳои сахт тобовар бошанд.

Ба таъкиди ӯ, лоиҳаҳое, ки онҳо барои сохтмон иҷозат медиҳанд, ҳатман қисмати зери бино бо назардошти зилзилатобоварӣ таҳрезӣ мешавад.

Номбурда хабар дод, ки бо ишора ба заминҷунбии шадиди чанд рӯзи охир дар Туркия ва Сурия иқдом гирифтанд, дар назди Раёстаи экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмон озмоишгоҳи санҷиши мехсутунҳоро таъсис  диҳанд.

“Вазифаи аввалиндараҷаи онҳо санҷиши мехсутунҳои лоиҳаҳо аст. Танҳо баъди тобовар будан ба зилзилаҳову иҷозаи сохтмон дода мешавад”,- гуфт роҳбари кумита.

Ёдовар мешавем, ки дар заминҷунбии 7,8 балае, ки ду рӯз пеш дар Туркия ва Сурия ба амал омад, садҳо хона хароб гашта, дар асоси омори охирин, дар маҷмӯъ,  8 ҳазор нафар ҳалок ва беш аз 30 ҳазор тан маҷруҳ шудаанд.

Тоҷикистон барои кӯмак ба зарардидагон ба Туркия 50 наҷотдиҳанда, аз қабили духтурон равон кард ва гуфта мешавад, ки рӯзҳои наздик кӯмаки башардӯстона ҳам мефиристад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...