Соли гузашта шаҳрвандони Тоҷикистон беш аз 1 млн бор ба Русия сафар кардаанд

Asia-Plus

Соли гузашта шаҳрвандони Тоҷикистон 1,6 млн бор ба Русия сафар кардаанд. Дар ин бора Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳии Русия бо истинод ба маълумоти Хадамоти марзбонии Русия хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти ин ниҳод, теъдоди умумии хориҷиёне, ки бо ҳама гуна мақсад (на танҳо сайёҳӣ, балки кору таҳсил, дар ҳайатҳо ва ғайра) дар соли 2022 ба Русия ворид шудаанд, дар муқоиса бо солҳои пандемияи 2020 (9,7 млн нафар) ва 2021 (12,1 млн нафар) афзудааст.

Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта хориҷиён 13,1 млн маротиба бо мақсадҳои гуногун ба Русия сафар кардаанд, ки нисбат ба соли пеш аз пандемияи 2019 – қариб 20 млн нафар ё худ 2,5 баробар камтар аст.

Ба сегонаи аввал (ТОП-3) тибқи сафарҳои “умумӣ” Қазоқистон (2,5 млн сафар), Украина (2,4 млн), Ӯзбекистон (2,1 млн) шомл шудаанд. Қирғизистон (866,2 ҳаз.), Абхазия (663,1 ҳаз.), Арманистон (491,6 ҳаз.), Озарбойҷон (327,9 ҳаз.), Беларус (289,3 ҳаз.), Туркия (198,6 ҳаз.) низ дар даҳгонаи аввал қарор доранд.

Пешсафони солҳои пешин аз қабили Чин (2,3 млн дар соли 2019), Лаҳистон (680,4 ҳазор дар соли 2019), Кореяи Ҷанубӣ (453,8 ҳазор дар соли 2019) дар соли 2022 аз даҳгонаи беҳтарин берун монданд.

Соли 2022 шаҳрвандони Чин ҳамагӣ 130,5 ҳазор, Лаҳистон (Полша) – 24,7 ҳазор ва Кореяи Ҷанубӣ -15,2 ҳазор маротиба ба Русия сафар кардаанд, ки асосан ронандагону масъулони воситаҳои нақлиёт, инчунин донишомӯзону шахсоне мебошанд, ки бо корҳои шахсӣ омадаанд.

Теъдоди сайёҳони хориҷӣ ба Русия дар соли гузашта 200,1 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба соли то пандемияи 2019 қариб 4,9 млн нафар  худ 25,5 баробар камтар аст. Вуруди сайёҳон ба Русия аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта ҳатто нисбат ба солҳои “ковидӣ”-и 2020 (335,8 ҳазор) ва 2021 (288,3 ҳазор) камтар шудааст.

Дар панҷгонаи аввал аз лиҳози сафарҳои сайёҳӣ Олмон (25, 4 ҳазор), Туркия (22,6 ҳазор сафар), Эрон (14,6 ҳазор), Қазоқистон (13,3 ҳазор) ва Куба (11,3 ҳазор) қарор гирифтаанд.

Миёни кишварҳои 10-гонаи аввал коҳиши вуруди муҳоҷирон дар қиёс бо давраи топандемия нисбат ба ИМА сурат гирифтааст: 5,6 ҳазор сафарҳои сайёҳӣ дар соли 2002 дар муқобили 241 ҳазор дар соли 2019.

Ёдрас мекунем, ки вуруди сайёҳон аз Русия ба Тоҷикистон дар соли гузашта зиёда аз  2 баробар афзуд.

Сайёҳони Русия аз рекорди 5-солаи худ гузашта, нисбат ба солҳои пешин ба ҳисоби миёна 212% бештар ба Тоҷикистон сафарҳо анҷом доданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...