Дар ҷасадҳои аз дарёҳои Тоҷикистон ёфтшуда аломатҳои марги маҷбурӣ ошкор нашуд, – ВКД

Аввали моҳи феврал кормандони КҲФ дар дарёҳои Душанбе ва вилояти Суғд ду ҷасад –  мард ва занро аз об берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. Дар мақомоти милитсия изҳор мекунанд, ки дар ҷаасадҳо аломатҳои марги маҷбурӣ ошкор нашудааст. Дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд шахсияти занро, ки ҷасадаш дар Сирдарё байни қамишзор дарёфт шуд, […]

Аввали моҳи феврал кормандони КҲФ дар дарёҳои Душанбе ва вилояти Суғд ду ҷасад –  мард ва занро аз об берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. Дар мақомоти милитсия изҳор мекунанд, ки дар ҷаасадҳо аломатҳои марги маҷбурӣ ошкор нашудааст.

Дар Раёсати ВКД дар вилояти Суғд шахсияти занро, ки ҷасадаш дар Сирдарё байни қамишзор дарёфт шуд, муайян кардаанд. Ин Зайнура Каримоваи 31-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилоят мебошад.

“Рӯзи 24 январ падари ҷавонзан ба шуъбаи маҳаллии милитсия муроҷиат намуда, изҳор мекунад, ки духтараш бедарак шудааст. Ба гуфтаи вай, ӯ аз хона баромада, дигар барнагаштааст. Муфаттишон дар ҷасади ӯ ягон аломати муқовимат ё дигар осори марги маҷбуриро ошкор накарданд”, – зикр карданд дар Раёсати ВКД-и вилоят.

Дар ҳамин ҳол, ба савол дар бораи муайян шудани рӯзи дақиқи ҳалок шудан ва сабаби аслии марги зан посух гуфта натавонистанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло ин далелҳо таҳқиқ шуда, аз эҳтимол дур нест, ки ин худкушӣ аст, лекин аз сабабҳои марг ҳарф задан ҳоло барвақт аст. “Сабабҳои марги занро мақомоти салоҳиятдор ошкор мекунанд”, – гуфтанд дар Раёсат.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти ВКД ҷумҳурӣ хабар доданд, шахсияти марди аз чоҳи обрав дарёфтшуда дар Душанбе то ҳол муайян нашудааст.

“Дар ҷасади марди тақрибан 40-45-сола аломатҳои марги маҷбурӣ дида намешавад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба корҳои муайян кардани шахсияти ҷасад ва сабабҳои марги мард идома медиҳанд”, – зикр карданд дар Вазорат.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.