Имдодгарони КҲФ ҷасади 2 нафарро аз дарёҳо берун гирифтанд

Тайи шабонарӯзи гузашта имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ ҷасади 2 нафарро аз дарёҳо берун гирифтанд. Бино ба маълумоти Кумита, дар ҳодисаи аввал ба навбатдори Кумита хабар мерасад, ки дар зери пули дарёи Душанбе, дар дохили чоҳи обрав ҷасади шахсе дида мешавад. “Наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҷасади марди тақрибан 40-45-соларо берун гирифтанд. Ҷасад ба […]

Тайи шабонарӯзи гузашта имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ ҷасади 2 нафарро аз дарёҳо берун гирифтанд.

Бино ба маълумоти Кумита, дар ҳодисаи аввал ба навбатдори Кумита хабар мерасад, ки дар зери пули дарёи Душанбе, дар дохили чоҳи обрав ҷасади шахсе дида мешавад.

“Наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҷасади марди тақрибан 40-45-соларо берун гирифтанд. Ҷасад ба кормандони милитсия супурда шуд. Шахсият ва сабабҳои марги мардро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқ мекунанд”, – хабар доданд аз Кумита.

Дар ҳодисаи дуюм дар шимоли ҷумҳурӣ дар соҳили Сирдарё ҷасади 1 нафар зан дарёфт шудааст.

“Сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба навбатдори Раёсати Кумита дар вилоят хабар медиҳад, ки дар Сирдаёр миёни қамишҳо ҷасади одам дарёфт шудааст. Гурӯҳи имдодгарон ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуда, ҷасади як зани тахминан 30-соларо аз байни қамишзор берун гирифтанд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд”, – хабар доданд дар Кумита.

Ба иттилои манбаъ,, маълум шудааст, ки зани 31-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 24 январи соли равон аз хонаи волидонаш берун рафта, дигар барнагаштааст.

“Сабабҳои марги занро мақомоти салоҳиятдор таҳқиқ мекунанд”, – зикр мешавад дар маълумоти Кумита.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.