Ҷудокорони тоҷик бо низоми ҷопонӣ машқ мекунанд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бо ташкилоти варзишии "J-Sport"-и Ҷопон шартномаи ҳамкорӣ, инчунин бо мурабии ҷопонӣ Тамура Тори дар бораи вазифаи сармураббигии мунтахаби Тоҷикистонро ба дӯш гирифтан қарордод ба имзо расонид.

Созишномаро президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадназар ва директори "J-Sport", профессори Донишгоҳи ҷудои Ҷопон Азеки Такахиса имзо карданд.

“Пешниҳоди ҷониби Тоҷикистонро бо хушнудӣ қабул кардам. Дар ин кишвар ба ҷудо воқеан ҳам таваҷҷуҳ доранд. Мо мураббиёну варзишгарони тоҷикро барои такмили маҳорат ба Ҷопон даъват мекунем ва ҳамзамон мутахассисони худро ба Душанбе мефиристем, то дар рушди ин навъи варзиш дар кишвар кумак кунанд”, – гуфтааст Озеки Такахиса.

Сармураббии нави мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо Тамура Тори изҳор доштааст, ки пешниҳоди федератсияи миллиро бе дудилагӣ пазируфтааст, зеро бо ҳамтоёни тоҷики худ таҷрибаи корӣ дорад.

Ноиби президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков зикр кардааст, ки ният доранд чемпионати қарибулвуқӯъи 11-12 феврал дар Душанберо дар сатҳи баланд гузаронанд.

Ба гуфтаи Эргаш Маҳмадбеков, барои ба сатҳи байнулмилалӣ расидани ҷудо дар Тоҷикистон, таъсиси Академияи ҷудо ва ифтитоҳи марказҳои ҷудо дар шаҳрҳои Хоруғ, Бохтар ва Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон ӯ гуфтааст, минбаъд ҷудокорони тоҷик “танҳо аз рӯи методиаки ҷопонӣ” машқу тамрин хоҳанд кард.

“Минбаъд иштироки ҷудокорони тоҷик дар дигар навъҳои гӯштингирӣ, самбо ва ғайра манъ мешавад, – иброз доштааст ӯ. – Чанде пеш дар Хуҷанд мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор шуд, ки ҷудокорони маъруфе чун Темур Раҳимов, Комроншоҳи Устопириён, Нуралӣ Эмомалӣ ва дигарон нияти иштирок дар онро доштанд, лекин мо иштирокашонро манъ кардем”.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Тахриби манзил дар Тоҷикистон: чӣ гуна метавон ҷуброн гирифт?

Шарҳи ҳафт масъалаи муҳиму рӯзмарра дар бораи гирифтани ҷубронпулӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...