Дар Панҷакенту Исфара муовинони нави раис таъин шуданд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Санъат Тоҳирзода, ки қаблан дар вазифаи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент кор мекард, муовини раиси шаҳр оид ба идеология ва Эркинҷон Хушвақтзода, ки пештар дар вазифаи раиси ҷамоат фаъолият мекард, муовин оид ба соҳаи кишоварзӣ таъин гардидаанд. Субҳиддин Ҷӯразода муовини нави раиси шаҳри Исфара таъин шудааст.

Аз ҳукумати шаҳри Панҷакент хабар доданд, ки маросими муарифии муовинони нави раис, рӯзи 8-уми феврал, бо иштироки Ғолибҷон Шарифзода, мудири шӯъбаи кормандони дастгоҳи раиси вилояти Суғд сурат гирифт.

Гуфта мешавад, ки вазифаи муовини идеологӣ се сол қабл аз тарафи ҳукумати кишвар таъсис ёфт ва то имрӯз касе дар ин вазифа дар шаҳри Панҷакент таъин нагардида буд.

Акнун вазифаи дигар – муовин оид ба корҳои идеологӣ ба кор оғоз кард, ки дар назар аст сарпарастии азҳоби сиёсӣ, ВАО, ҷавонон, бахши танзим ва анъана ва ҷашну маросимҳо ва САҲШ-ро ба зима гирад.

Қаблан дар ҳукумати шаҳри Панҷакент 4 муовини раис: муовини аввал (оид ба саноат ва сохтмон), иқтисодиёт, соҳаи ичтимоӣ ва кишоварзӣ мавҷуд буд.

Санъат Тоҳирзода дорои ду маълумоти олӣ: омӯзгорӣ ва менеҷер – иқтисодшинос буда, 41 сол дорад. Пештар, дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳам кор кардааст.

Хушвақтзода Эркинҷон хатмкардаи Донишгоҳи аграрӣ бо ихтисоси зоотехник аст ва 51-сола мебошад. Қаблан ҳамчун раиси хоҷагии деҳқонӣ ва роҳбари ҷамоати деҳот дар шаҳр кор кардааст.

Муовини нави раиси  шаҳри Исфара ҳуқуқшиноси 42-сола буда, зодаи шаҳр ва хатмкардаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мебошад.

Ӯ қаблан ба ҳайси мутахассис ва сармутахассиси шуъбаи иҷтимоиёт, фарҳанг ва робита бо ҷомеа, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои ҳукумати Исфара кор кардааст. То таъин шудан ба вазифаи муовини раиси шаҳр ба сифати ҷонишини директори ҶС “Осоишгоҳи Зумрад” фаъолият дошт.

Гуфта мешавад, ки муовинони нави раисони шаҳри Панҷакенту Исфара бо мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва дар асоси қарори раисони шаҳр таъин гардидаанд.

Қаблан,  дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар дода буд, ки дар мувофиқа бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба вазифаҳои муовини якум, муовинони раиси шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Балҷувон, Носири Хусрав, Хуросон, Ш. Шоҳин, Шаҳритус, Восеъ, Дӯстӣ ва Ҷайҳун кадрҳои нав таъйин гардиданд.

Раиси нави вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо кадрҳои навтаъин мулоқот карда, гуфтааст, барои иҷрои саривақтии вазифаву уҳдадориҳо, дастуру супоришҳо тамоми донишу маҳорати худро истифода кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...