Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш: Расул Боқиевро даъват кардем, гуфт, дар Русия мемонам

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Кумитаи ҷавонон ва варзиш аз Расул Боқиев, ҷудокори шинохтаи тоҷик, ки дар бозиҳои олимпии Пекин нишони биринҷӣ ба даст оварда буд, даъват намудааст ба Тоҷикистон баргардад, аммо варзишгар посух додааст, ки дар Русия боқӣ мемонад.

Дар ин хусус Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш имрӯз, 10-уми январ, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

“Мо ба Расул Боқиев муроҷиат карда, гуфтем, баргардед, мо шароит фароҳам меорем, аммо Расул Боқиев гуфт, не, ман ин ҷо – дар Русия шароит сохтам ва ин ҷо мемонам”, – гуфт Абдулло Раҳмонзода.

Бояд гуфт, ки Расул Боқиев яке аз ҷудокорони шинохтаи тоҷик аст, ки ғайр аз нишони биринҷии бозиҳои олимпӣ, инчунин нишонҳои тиллову биринҷии ҷоми ҷаҳон ва Осиёро соҳиб шудааст.

Чанд муддати охир ӯ дар Русия зиндагӣ ва тамрин менамояд.

Ҳамчунин, Абдулло Раҳмонзода ҷалби Юсуф Абдусаломов, гуштингири дигари тоҷик ва соҳиби нишони нуқраи бозиҳои олимпии Пекинро шарҳ дода, гуфтааст, ки ӯ се варзишгарро ба бозиҳои олимпии Париж омода мекунад.

“Юсуф Абдусаломовро даъват кардем ва ҳама шарту шароиташро пазируфтем. Созишнома баста шуд ва ӯ минбаъд се варзишгарро ба бозиҳои олимпии Париж омода мекунад, аммо ба дастаи мунтахаб машғул намешавад”, – гуфт Абдулло Раҳмонзода.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...