Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш: Расул Боқиевро даъват кардем, гуфт, дар Русия мемонам

Кумитаи ҷавонон ва варзиш аз Расул Боқиев, ҷудокори шинохтаи тоҷик, ки дар бозиҳои олимпии Пекин нишони биринҷӣ ба даст оварда буд, даъват намудааст ба Тоҷикистон баргардад, аммо варзишгар посух додааст, ки дар Русия боқӣ мемонад. Дар ин хусус Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш имрӯз, 10-уми январ, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. “Мо ба […]

Кумитаи ҷавонон ва варзиш аз Расул Боқиев, ҷудокори шинохтаи тоҷик, ки дар бозиҳои олимпии Пекин нишони биринҷӣ ба даст оварда буд, даъват намудааст ба Тоҷикистон баргардад, аммо варзишгар посух додааст, ки дар Русия боқӣ мемонад.

Дар ин хусус Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш имрӯз, 10-уми январ, зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

“Мо ба Расул Боқиев муроҷиат карда, гуфтем, баргардед, мо шароит фароҳам меорем, аммо Расул Боқиев гуфт, не, ман ин ҷо – дар Русия шароит сохтам ва ин ҷо мемонам”, – гуфт Абдулло Раҳмонзода.

Бояд гуфт, ки Расул Боқиев яке аз ҷудокорони шинохтаи тоҷик аст, ки ғайр аз нишони биринҷии бозиҳои олимпӣ, инчунин нишонҳои тиллову биринҷии ҷоми ҷаҳон ва Осиёро соҳиб шудааст.

Чанд муддати охир ӯ дар Русия зиндагӣ ва тамрин менамояд.

Ҳамчунин, Абдулло Раҳмонзода ҷалби Юсуф Абдусаломов, гуштингири дигари тоҷик ва соҳиби нишони нуқраи бозиҳои олимпии Пекинро шарҳ дода, гуфтааст, ки ӯ се варзишгарро ба бозиҳои олимпии Париж омода мекунад.

“Юсуф Абдусаломовро даъват кардем ва ҳама шарту шароиташро пазируфтем. Созишнома баста шуд ва ӯ минбаъд се варзишгарро ба бозиҳои олимпии Париж омода мекунад, аммо ба дастаи мунтахаб машғул намешавад”, – гуфт Абдулло Раҳмонзода.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.