Беш аз ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Суғд дар Украина мондаанд

Фарзона Муродӣ, махсус барои “Asia-Plus”

Пас аз як соли оғози ҷанг дар Украина ва фирори ҳазорон украиниҳову хориҷиён ҳамоно 1109 нафар сокинони вилояти Суғд дар ин кишвари ҷангзада кору зиндагӣ мекунанд. Дар ин бора Саид Камолзода, сардори раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, имрӯз, 10-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ, иттилоъ дод.

Тибқи иттилои ӯ, аз теъдоди умумии сокинони вилояти Суғд, ки дар Украина қарор доранд, аксариятро сокинони шаҳри Конибодом ташкил медодаанд.

  • шаҳри Конибодом 1066 нафар,
  • ноҳияи Ашт 23 нафар,
  • ноҳияи Айнӣ 7 нафар,
  • шаҳри Панҷакент 8 нафар
  • ноҳияи Зафаробод 5.

Саид Камолзода гуфт аксари муҳоҷирони тоҷики муқими Украина бо оилаи худ ба ин кишвар сафар карда, аллакай соҳиби ҷойи кор ва манзили зист шудаанд ва хоҳиши бозгашт ба зодгоҳи худро надоранд.

“Бо ин вуҷуд, барои таъмини амнияти онҳо мо талош карда истодаем, ки тавассути корҳои тарғиботӣ онҳоро ба Ватан баргардонем”, – гуфт Саид Камолзода .

Дар умум, ба қавли номбурда, аз вилояти Суғд 249 ҳазору 880 нафар: 191 ҳазору 432 нафар мард ва 58 ҳазору 448 нафар зан ба муҳоҷират рафтаанд.

Давлатҳое, ки сокинони вилояти Суғд ба муҳоҷират рафтаанд:

  • Русия – 244 ҳазору 8 нафар,
  • Қазоқистон – 1 ҳазору 842 нафар,
  • Қирғизистон – 521 нафар,
  • дигар давлатҳои ИДМ – 860 нафар,
  • давлатҳои хориҷи дур – 1 ҳазору 540 нафар.

Фавти 300 сокини Суғд дар муҳоҷират

Бино ба иттилои Саид Камолзода соли 2022 ҷасади 289 нафар муҳоҷирони тоҷик аз вилояти Суғд ба Ватан оварда шудааст, ки аз ин 253 нафар мард ва 36 нафар зан мебошанд.

Сабабҳои фавти муҳоҷироти тоҷик:

  • 211 нафар бо сабаби беморӣ,
  • 45 нафар дар ҳодисаҳои нохуш,
  • 15 нафар дар садамаи нақлиётӣ,
  • 3 нафар ҳолати куштор,
  • 3 нафар дар пайи заҳролудшавӣ,
  • 4 нафар худкушӣ кардаанд,
  • 2 нафар ғарқ шудаанд,
  • 1 нафар дар сӯхтор,
  • сабаби фавти 5 нафар номаълум будааст.

Бинобар иттилои ӯ, давоми соли 2022 аз Украина ҷасади ягон сокини вилояти Суғд оварда нашудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...