Наҷотдиҳандагони тоҷик аз зери харобаҳо 4 нафари зиндамондаро берун гирифтанд

Дар рӯзҳои аввали кор дар шаҳри Қаҳрамонмаръаши Туркия наҷотдиҳандагони КҲФ Тоҷикистон ду нафарро зинда аз зери вайронаҳо берун оварданд, ки яке тифли 6-моҳа буд. Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар натиҷаи истифодаи дақиқи таҷҳизоти наҷот дар умқи як вайрона, зери теппаи сангу бетону хок одамони зиндаро ҳис карданд. Онҳо хеле ба […]

Дар рӯзҳои аввали кор дар шаҳри Қаҳрамонмаръаши Туркия наҷотдиҳандагони КҲФ Тоҷикистон ду нафарро зинда аз зери вайронаҳо берун оварданд, ки яке тифли 6-моҳа буд.

Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар натиҷаи истифодаи дақиқи таҷҳизоти наҷот дар умқи як вайрона, зери теппаи сангу бетону хок одамони зиндаро ҳис карданд. Онҳо хеле ба зудӣ, вале эҳтиёткорона ҳама монеъаҳоро бартараф ва тифли шашмоҳаро ҳамроҳ бо падараш берун кашиданд.

Гуфта мешавад, ин ду нафар зери вайронаҳо муддати 6 рӯз зинда монда буданд. Ҳангоми наҷот ин ду нафар ба хубӣ вазъро метавонистанд ташхис кунанд. Падар бо фарзандаш ба беморхона интиқол дода шуданд.

Вазири корҳои дохилии Туркия ҷаноби Сулаймон Сойлу дар ҷараёни боздидҳои худ аз шаҳри бар асари заминларза харобшудаи Қаҳрамонмаръаш ба наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  изҳори сипос намуд.

Вазири корҳои дохилии Туркия рӯзи 11-уми феврал аз минтақаҳои офатзада дидан кард ва дар ҷараёни сафари худ ба он қисмат аз шаҳр омад, ки имдодгарони КҲФ фаъолият мекарданд. Ҷаноби Сулаймон Сойлу баъди он ки ба натиҷаҳои фаъолияти имдодгарони тоҷик ошно шуд, ба онҳо изҳори сипос кард ва аз натиҷаи фаъолияташон ситоиш намуд.

Ҷаноби Сойлу ҳамчунин ба Ҳукумати Тоҷикистон барои пуштибонӣ аз офатзадагони Туркия ва ирсоли кумаки фаврӣ сипосгузорӣ намуд.

Наҷотдиҳандагони тоҷик рӯзи 12 феврал дар шаҳри Қаҳрамонмараши Туркия боз як писарбачаеро бо номи Явуз аз зери харобаҳои биноҳои фурӯрехта наҷот доданд. Дар ин бора хабаргузории Анадолу хабар медиҳад. Кӯдак беш аз 150 соатро дар зери харобаҳо сипарӣ кардааст.

Одамоне, ки назди харобазор қарор доштанд, кӯдакро бо нидоҳои хурсандӣ пешвоз гирифта, зери кафкӯбии пурмавҷ ӯро ​​ба мошини ёрии таъҷилӣ гусел карданд. Ба наҷотдиҳандагони Тоҷикистонро бо нидоҳои «Тоҷикистон!» изҳори миннатдорӣ карданд.

Ҳамчунин наҷотдиҳандагони тоҷик пас аз 151 соати заминларза аз зери харобаҳои бинои 9-ошёна кӯдаки зиндамондаи 4-соларо берун гирифтанд. Амалиёт бо ёрии дастгоҳҳои махсуси ошкор кардани одамон зери вайронаҳо гузаронида шуд. Кӯдак ба бемористон интиқол дода шуд.

Мутаассифона, ҳамчунин дар ҷараёни корҳои наҷот имдодгарони Кумита аз зери вайронаҳои хонаҳои истиқоматӣ 78 ҷасадро низ берун оварданд.

Шумори қурбониёни ду заминларзаи мудҳиш дар Туркия аллакай ба ҳудуди 30 ҳазор нафар мерасад. Бино ба маълумоти Al Jazeera, дар Сурия зиёда аз 4,5 ҳазор нафар ҳалок шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.