Зинаи сеюми футболбозони навраси тоҷик дар “Ҷоми рушд-2023”

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов барандаи медали биринҷии мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2023» дар Минск гардид. Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, футболбозони тоҷик дар бозӣ барои ҷойи сеюм бар тими наврасони Русия бо ҳисоби бузурги 3:0 пирӯз шуд. Абӯбакр Сулаймонов, Ориёнмеҳри Нуриддин ва Масрур Ғафуров ба задани гол даст ёфтанд. Гуфта […]

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов барандаи медали биринҷии мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2023» дар Минск гардид.

Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, футболбозони тоҷик дар бозӣ барои ҷойи сеюм бар тими наврасони Русия бо ҳисоби бузурги 3:0 пирӯз шуд. Абӯбакр Сулаймонов, Ориёнмеҳри Нуриддин ва Масрур Ғафуров ба задани гол даст ёфтанд.

Гуфта мешавад, ба ин тартиб, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бидуни бохт «Ҷоми рушд-2023»-ро ҷамъбаст кард. Шогирдони Раҳматулло Фузайлов дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот бо тимҳои миллии Русия (1:1) ва Беларус (2:2) мусовӣ карда, бар дастаи Эрон (3:1) пирӯз шуданд.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯи натиҷагирии мусобиқа ду бозигари тими наврасони Тоҷикистон (U-17) дар қатори беҳтаринҳо қарор гирифтанд. Сарвони мунтахаби наврасони мо Абубакр Сулаймонов беҳтарин бозигари «Ҷоми рушд-2023» ва ҳамлагар Раббонӣ Камолов бо задани 4 гол нишонзани беҳтарин эътироф гардиданд.

Дар ҳамин ҳол, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии мутахассиси беларусӣ Олег Кубарев дар бозии панҷуми худ дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия аз бошгоҳи «Вишиста Краков»-и Лаҳистон (Полша) бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Қаблан футболбозони ҷавони тоҷик бо мунтахаби ҷавонони Ироқ (0:0) ва бошгоҳи ЛКС-и Лаҳистон (1:1) мусовӣ карда, бар тими ҷавонони Озарбойҷон (2:1) пирӯз шуданд ва аз бошгоҳи «Бухоро»-и Ӯзбекистон (1:3) мағлуб гардиданд. То анҷоми ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия онҳо боз як дидори дӯстона баргузор мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.