Беш аз 20 млн сомонӣ амволи “Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк”-ро фурӯхтаанд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон то ҳол бинои асосии “Тоҷиксодиротбонк” ва меҳмонхонаи маъруфи “Тоҷикистон”-ро, ки молики он “Тоҷиксодиротбонк” аст, нафурӯхтааст.

Қаблан, дар як музояда нархи ибтидоии бинои асосии “Тоҷиксодиротбонк” ҳудуди 12 миллион доллар ё 125 миллиону 265 ҳазору 630 сомонӣ ва бинои меҳмонхонаи “Тоҷикистон”, наздики 25 миллион доллар ё 225 миллиону 285 ҳазору 624 сомонӣ муайян шуда буд.

Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, имрӯз, 14-уми феврал дар нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли “Азия-Плюс” сабаби ба фурӯш нарафтани ин биноҳоро пайдо нашудани харидор унвон кард.

Ӯ гуфт, чанд маротиба музояда гузарониданд, вале аз сабаби гарон будани нархи музоядаи биноҳо харидор пайдо нашуд.

“Дар соли 2022 аз ҳисоби хусусигардонии амволи давлатӣ ба буҷет 34,5 миллион сомонӣ ворид шуд. Мутаассифона, барои харидории биноҳои “Тоҷисодиротбонк” ва меҳмонхонаи “Тоҷикистон” таваҷҷуҳ хеле кам аст. Мо корро дар ин самт идома дода истодаем”, – гуфт Қодирзода.

Номбурда илова кард, ки бо вуҷуди ин, аз 157 иншооти “Агроинвестбонк” ва 57 иншооти “Тоҷиксодиротбонк” беш аз 80 адади он фурӯхта шудааст ё ба иҷора дода шудааст.

“Вобаста ба баргардонидани қарзи давлатии ду бонк “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”, ки аз ҷониби ҳукумат барои онҳо қарз пешниҳод шуда буд, корбарӣ рафта истодааст. Мо якчанд иншооти ин ду бонкро тариқи музояда ба фурӯш гузоштем ва маблағ пурра ба суратҳисоби махсуси Вазорати молия гузаронида шуд”,- гуфт раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ.

Ӯ иттилоъ дод, ки дар соли 2022 дар маҷмӯъ, 8 иншооти "Агроинвесбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" ба маблағи беш аз 20 млн сомонӣ фурӯхта шуд.

Ба гуфтаи номбурда, аз ин панҷ иншоот ба маблағи беш аз 13,5 млн тариқи музояда ва 3 иншооти дигар тариқи шартномавӣ ба маблағи 9 млн сомонӣ фурӯхта шудааст.

Пайдо нашудани харидор барои меҳмонхонаи “Тоҷикистон” ва бинои асосии “Тоҷиксодиротбонк” дар ҳолест, ки тобистони соли гузашта ҳам Саъдӣ Қодирзода гуфта буд, ки барои фурӯши онҳо харидор наёфтанд.

Гуфта мешавад, ки масъули музоядаи бинои асосии “Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк” ва меҳмонхонаи “Тоҷикистон” раёсати фурӯши амволи давлатии Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон буда, эълони он 25-уми майи соли равон нашр шудааст.

Тариқи музояда ба фурӯш гузоштани бинои асосии ду бонки пурмоҷаро ва меҳмонхонаи маъруф дар кишвар дар ҳолест, ки  21-уми майи соли 2021 Бонки милии Тоҷикистон иҷозатномаи фаъолияти ин ду бонкро бозхонда, бо ҳукми додгоҳ барои фурӯши амвол ва дороиҳои он мудири муваққат таъин кард.

Гуфта мешавад, ки маблағи фурӯши бинои асосии бонкҳо ва меҳмонхонаи “Тоҷикистон” барои пардохти қарзӣ муштариён сарф мешавад.

Моҳи декабри соли 2021 дар поёни як ҷаласаи парлумонӣ раиси Бонки милии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар ҳузури рӯзноманигорон гуфта буд, ки “Тоҷиксодиротбонк” 70 дарсади амонати муштариёнашонро баргардонидааст.

Теъдоди умуми амонтагузорони “Тоҷиксодиротбонк” 5,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳафт сол пеш “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” қариб нисфи бозори бонкии кишварро ишғол мекарданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...