Раиси вилояти Хатлон бунёди баландошёнаҳои навро дар байни хонаҳои кӯҳна манъ кард

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Давлаталӣ Саид, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон бо як дастури худ бунёди биноҳои баландошёнаро дар байни хонаҳо манъ кардааст. Ӯ ҳамчунин супориш додааст, ки симои шаҳри Бохтар куллан тағйир дода шавад.

Дар ин бора Амонулло Салимзода, муовини аввали раиси вилояти Хатлон дар нишасти матбуотӣ хабар дод. Худи Давлаталӣ Саид бошад, ба қавли муовини аввалаш, дар сафари корӣ қарор доштааст.

Ҳамин тавр, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон аз симои кунунии шаҳри Бохтар норозигӣ карда, ба масъулин, аз ҷумла раиси шаҳри Бохтар дастур додааст, ки он куллан тағйир дода шавад ва бунёди биноҳои баландошёна низ ба тартиб дароварда шавад.

“Тибқи дастури Давлаталӣ Саид, бунёди биноҳои баландошёна дар майдонҳои холии байни хонаҳои 4-5 ошёна манъ карда шуд. Ба ширкатҳо дигар иҷозат дода намешавад, ки дар майдонҳои холии миёни биноҳои куҳна баландошёнаҳо бунёд кунанд”, – гуфт Амонулло Салимзода.

Ҳамакнун, тибқи нақшаи генералии шаҳри Бохтар, бунёди биноҳои баландошёна дар шафати роҳҳои марказӣ бештар карда мешавад.

Гуфтан лозим аст, ки ин дастури иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон дар ҳоле содир мешавад, ки сокинон чандин сол ба ин сӯ аз бунёди баландошёнаҳо дар майдончаҳои назди бинои худ шикоят доштанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...