Сафорати Тоҷикистон дар Туркия оид ба тоҷикони аз заминларза осебдида маълумот дод

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Сафорати Тоҷикистон дар Туркия оид ба тоҷикони аз заминларза осебдида дар ин кишвар маълумот дод.

Аз ҷумла намояндагии дипломатии Тоҷикистон ба дархости хаттии “Азия-Плюс” посух дод, ки як зани шаҳрванди Тоҷикистон аз сараш осеб дидааст.

“Зан дар Газиантеппа зиндагӣ мекард. Бар асари заминларза аз сараш осеб дида, ба Анқара интиқол дода шуд. Айни замон ӯ худро хуб ҳис карда, назди хешовандони шавҳараш – шаҳрванди Туркия қарор дорад. Кормандони мо ба аёдати ӯ рафта, ёрӣ расониданд”, – гуфтанд дар сафорат.

Ғайр аз ин, тибқи маълумоти сафорат, манзили чор шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар шаҳри Малатя иқомат доштанд, осеб дидааст.

“Дар робита ба он, ки Раёсати мубориза бо офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи Туркия ворид нашудан ба хонаҳои осебдидаро тавсия дод, мушкили шабгузаронӣ пеш омад. Дар ин бора шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба сафорат хабар доданд, – омадааст дар посух. – Баъдан тасмим гирифта шуд, ки онҳо ҳамроҳи дигар шаҳрвандони Туркия ба урдугоҳҳои хаймаҳо кӯчонида шаванд, ки дар он ҷо бо ҳама чизҳои зарурӣ таъмин мешаванд”.

Дар сафорат хабар доданд, ки бархе аз тоҷикистониён дар Малатя хоҳиш кардаанд, ки ба Тоҷикистон баргардонида шаванд.

“Аммо бо сабаби набудани шиносномаҳо, ин кор ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, ҳозир онҳо ба анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳо машғуланд. Сипас мо барои бозгашти онҳо ба Тоҷикистон мусоидат мекунем”, – шарҳ доданд дар сафорат.

Ҳамчунин зикр шуд, ки бархе аз ҳамватанонамон мустақилона аз макони осебдида ба ҷойҳои бехавф рафтаанд. Шумори онҳо маълум нест.

Сафорат бо истинод ба мақомоти салоҳиятдори Туркия изҳор намуд, ки миёни ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд.

“Намояндагии дипломатӣ бо мақомоти салоҳиятдори Туркия мудом дар робита аст”, – зикр карданд дар сафорат.

Дар ҳамин ҳол, дар посух ба дархости “Азия-Плюс” гуфта мешавад, сафорат ба тоҷикистониёни дар минтақаи офат қарордошта кумаки молиявӣ мерасонад. Диаспораи тоҷикон дар Истанбул дар ҳамдастӣ бо сафорат ҷамъоварии маблағро барои кумак ба осебдидагон, дар навбати аввал ба тоҷикистониён  ташкил кардааст.

Муяясар нашуд бифаҳмем, ки ба чӣ теъдод шаҳрвандони Тоҷикистон ва чӣ қадар кумаки молиявӣ расонида шуд.

Бино ба маълумоти сафорат, дар саросари Туркия ҳудуди 10-15 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

Тибқи маълумоти расмии ахир, теъдоди ҳалокшудагон бар асари заминларза дар Туркия ва Сурия ба зиёда аз 37 ҳазор нафар расид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...