Ширкатҳои мобилӣ ва 1,7 млн сомонӣ қарзи дебиторӣ бозори ҶСК “Тоҷиктелеком”-ро дар Суғд касод кардааст

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Ширкатҳои мобилӣ ва таваҷҷуҳи бештари аҳолӣ ба он бозори ягона ширкати мухобиротии давлатии кишвар – ҶСК “Тоҷиктелеком”-ро дар вилояти Суғд касод кардааст. Ҳоло ин ширкат ба мушкили рӯёнидани қарзҳо ва тарки пеша кардани кормандонаш рӯбарӯ гардидааст. Дар ин бора Сӯҳроб Ғоибов, сардори ҶСК “Тоҷиктелеком” дар вилояти Суғд, 13-уми феврал, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ӯ гуфт, ки даромади асосии онҳо аз ҳисоби хидматрасонии телефонҳои хонагӣ буд ва ҳоло дар вилоят кам касон аз хидматрасонии ин ширкат истифода мекунанд.

“Танҳо дар шӯъбаи байнишаҳрии шаҳри Хуҷанд зиёда 200 нафар корманд (телефонистка) фаъолият доштанд ва корашон хеле зиёд буд. Ҳоло дар ин шуъба ҳамагӣ 4 нафар кор мекунанд ва хубкифо намебошанд. Сабаби ин, ширкатҳои мобилӣ аст”, – гуфт Сӯҳроб Ғоибов.

Ба қавли ӯ ҳоло шаҳрвандони хориҷӣ ҳам вақте ба Тоҷикистон меоянд, симкортҳои муваққатӣ мегиранд ё барқияву факсро истифода мекунанд ва кам касон аз телефонҳои ноқилӣ истифода мебаранд. Онҳое ҳам, ки истифода мекунанд, на ҳамеша маблағи хидматрасониро саривақт пардохт менамоянд.

Аз ин лиҳоз, айни ҳол қарзи дебитории ҶСК “Тоҷиктелеком” дар вилояти Суғд 1 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

“Ҳам шаҳрвандон ва ҳам идораҳои давлатӣ аз ширкати мо қарздоранд. Танҳо Вазорати мудофиа зиёда аз 120 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Инчунин Раёсати маориф, ҳукумати маҳаллӣ ва дигар сохторҳо низ қарзҳои худро пардохт накардаанд”, – гуфт Сӯҳроб Ғоибов.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...