Соли 2022 дар Тоҷикистон бар асари сӯхтор 19 нафар ҳалок шуданд

Соли гузашта дар Тоҷикистон 1 ҳазору 262 ҳодисаи сӯхтор ба амал омадааст, ки бар асари он 19 нафар ҳалок шудаанд, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон. Гуфта мешавад, дар муқоиса бо соли 2021 ҳодисаҳои сӯхтор 66 адад (1 ҳазору 196 сӯхтор) афзудааст: соли пешин бар асари сӯхтор 10 нафар фавтида буданд. Маблағи зарар аз сӯхтор дар соли […]

Соли гузашта дар Тоҷикистон 1 ҳазору 262 ҳодисаи сӯхтор ба амал омадааст, ки бар асари он 19 нафар ҳалок шудаанд, хабар медиҳад ВКД Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, дар муқоиса бо соли 2021 ҳодисаҳои сӯхтор 66 адад (1 ҳазору 196 сӯхтор) афзудааст: соли пешин бар асари сӯхтор 10 нафар фавтида буданд.

Маблағи зарар аз сӯхтор дар соли 2022 58 млн 716 ҳазор сомонӣ ва маблағи эмин нигоҳ доштани молу мулк аз он 806 млн 356 ҳазору 098 сомониро ташкил додааст.

Дар бораи ҳаҷми зарар аз сӯхтор дар соли 2021 маълумот дода нашудааст.

Ҳамчунин ВКД ба сабабҳои аслии сар задани сӯхтор ва ба чӣ вобаста будани афзоши ҳодисаҳои сӯхтор дар кишвар ишора намекунад.

Ёдрас мекунем, ки сӯхтори бузургмиқёс соли гузашта 1 июн дар бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар ба амал омад. Он вақт барои хомӯш кардани он 28 мошинҳои оташнишонӣ ва 148 нафар оташнишонон сафарбар шуданд.

Алангаи оташ қаламрави 1,2 ҳазор метри мураббаъи бозорро фаро гирифт. Оташ хеле зуд ба рафу дӯконҳои фурӯш ва мағозаҳо паҳн шуд.

Бар асари сӯхтор соҳибкори 52-сола Маҳмад Сафаров, ки ба гуфтаи табибон 90 дар сади баданаш сӯхта буд, ҳалок шуд.

Боз 11 нафари дигар ҷароҳат ва захмҳои сӯхтаи гуногун гирифтанд.

Маблағи зарар аз сӯхтор 3,2 млн сомонӣ арзёбӣ шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.