ВКД: Дар Хоруғ ҷустуҷӯи зери тарма беному нишон шудагон идома дорад

Date:

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот дар робита ба фаромадани тарма дар шаҳри Хоруғ гуфтааст, ба ғайр аз 8 нафаре, ки дар зери тарма ба ҳалокат расиданд, чанд нафари дигар беному нишон шудаанд ва ҷустуҷӯи онҳо давом дорад.

Ин ниҳод мегӯяд, ҳамчунин, 12 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба Маркази ташхиси Хоруғи боло бистарӣ гардида, 2 нафарашон дар ҳолати вазнин қарор доранд.

ВКД гуфтааст, дар пайи тармафароии 15-уми феврал, 7 манзили истиқоматӣ зери тарма монда, пурра хароб гашта, 10 хонаи дигар қисман зарар дидааст. Консулии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ низ зери тарма мондааст.

“Айни замон, Комиссияи махсус аз ҳисоби сохторҳои дахлдор таъсис дода шуда, ба осебдидагон кумак фиристодаанд ва дар ҷойи ҳодиса Ситод оид ба бартараф намудани пайомадҳои офати табиӣ корҳои бартарафсозиро идома дода истодааст”,- гуфтааст ВКД.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар хабар дода буд, ки бар асари тармафароӣ дар шаҳри Хоруғу ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, минтақаи Варзоб дар умум 10 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...