ВКД: Дар Хоруғ ҷустуҷӯи зери тарма беному нишон шудагон идома дорад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот дар робита ба фаромадани тарма дар шаҳри Хоруғ гуфтааст, ба ғайр аз 8 нафаре, ки дар зери тарма ба ҳалокат расиданд, чанд нафари дигар беному нишон шудаанд ва ҷустуҷӯи онҳо давом дорад. Ин ниҳод мегӯяд, ҳамчунин, 12 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба Маркази ташхиси Хоруғи боло бистарӣ […]

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот дар робита ба фаромадани тарма дар шаҳри Хоруғ гуфтааст, ба ғайр аз 8 нафаре, ки дар зери тарма ба ҳалокат расиданд, чанд нафари дигар беному нишон шудаанд ва ҷустуҷӯи онҳо давом дорад.

Ин ниҳод мегӯяд, ҳамчунин, 12 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба Маркази ташхиси Хоруғи боло бистарӣ гардида, 2 нафарашон дар ҳолати вазнин қарор доранд.

ВКД гуфтааст, дар пайи тармафароии 15-уми феврал, 7 манзили истиқоматӣ зери тарма монда, пурра хароб гашта, 10 хонаи дигар қисман зарар дидааст. Консулии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ низ зери тарма мондааст.

“Айни замон, Комиссияи махсус аз ҳисоби сохторҳои дахлдор таъсис дода шуда, ба осебдидагон кумак фиристодаанд ва дар ҷойи ҳодиса Ситод оид ба бартараф намудани пайомадҳои офати табиӣ корҳои бартарафсозиро идома дода истодааст”,- гуфтааст ВКД.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар хабар дода буд, ки бар асари тармафароӣ дар шаҳри Хоруғу ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, минтақаи Варзоб дар умум 10 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.