Додгоҳи олӣ гуфт, шиканҷа шудани Абдусаттор Пирмуҳаммадзода тасдиқ нашуд

Asia-Plus

Шикояти Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, яке аз рӯзноманигорони маҳкумшудаи тоҷик ба Додгоҳи олии Тоҷикистон дар робита ба шиканҷа шуданаш тасдиқи худро наёфт. Дар ин бора Абдуқаҳҳор Тағозода, додраси Додгоҳи олӣ дар нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод.

Ӯ гуфт, доир ба истифода шудани шиканҷа нисбати Абдусаттор Пирмуҳаммадзода қарори додгоҳ қабул шуда, санҷиш гузаронида шуд.

“Аммо санҷишҳо нишон дод, ки шикояти ӯ асос надорад”, – афзуд Абдуқаҳҳор Тағозода.

Номбурда ҳамчунин, гуфт аз ҷониби Абдусаттор Пирмуҳаммадзода пас аз содир шудани ҳукм шикояти кассатсионӣ ворид нашудааст.

Қаблан, масъулини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гуфта буданд, ки оид ба шиканҷа шудани Абдусаттор Пирмуҳаммадзода касе аз наздикони рӯзноманигори маҳкумшуда ба ниҳоди зери роҳбарии ӯ муроҷиат накардаанд.

“Новобаста ба ин, мо нақша дорем давоми моҳи равон далели мазкурро санҷиш намоем”, – гуфта буд Муқим Ашӯров, сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон.

Бояд гуфт, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, яке аз чаҳор рӯзноманигори тоҷик, ки тобистони соли ҷорӣ бо гумони даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) ва сафедкунии оммавии экстремизм боздошт гардида буд.

Моҳи декабри соли 2022 Абдусаттор Пирмуҳаммадзода бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, 7 сол равонаи зиндон гардид.

Дар ҷараёни мурофиа, ӯ бо ирсоли номае аз дохили зиндон шикоят кард, ки аз рӯзи аввал зери фишори равонӣ ва шиканҷа қарор дошт, то иттиҳоми ба қавлаш “бофтаву сохтаи” мақомоти тафтишотиро ба дӯш бигирад.

Гуфтан ба маврид аст, ки Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, корманди собиқи радиои давлатӣ замоне шинохта гардид, ки дар Рӯзи Президент наворе сабт карда, шикоят намуд, ки кормандони БДА барои озод фаъолият карданаш монеъ мешаванд.

Баъдан ӯ бо пахши наворҳои дигар аз мушкилоти дигари ҷомеа нақл мекард. Ӯ аз ҷумлаи онҳое буд, ки баъди боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигорони дигари маҳкумшудаи тоҷик садояшро баланд кард.

Дар як соли охир, ба ғайр аз Абдусаттор Пирмуҳаммадзода  се рӯзноманигори дигари тоҷик, Далери Имомалӣ, Завқибек Саидаминӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ низ боздошт ва ба муҳлатҳои аз 7 то 10 сол зиндонӣ шуданд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ боздошту муҳокима ва ҳукми рӯзноманигоронро ғайриқонунӣ хонда, аз мақомоти Тоҷикистон даъват карданд, ки онҳоро фавран озод кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...