Боздошти 269 нафар дар фурудгоҳи Хуҷанд, ки дар ҷустуҷӯ қарор доштанд

Фарзона Муродӣ, махсус барои Asia-Plus

Соли 2022–юм 269 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳти ҷустуҷӯ қарор доштанд, дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд боздошт шудаанд. Дар ин бора Қурбони Алимардон, директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” 14-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Қурбони Алимардон, ҳамзамон 1294 нафар шаҳрвандоне, ки аз Русия ба Тоҷикистон хориҷ шуда буданд, тавассути ин фурудгоҳ ба ватан баргаштаанд.

Қурбони Алимардон ҳамчунин гуфт, соли гузашта чанд парвоз ва бо чӣ сабаб ба таъхир афтодаанд:

– Бо таъхир омадани ҳавопаймо – 703 ҳолат;

– Нуқсони техникӣ дар ҳавопаймо – 16 ҳолат;

– Маҳдудияти фурудгоҳ – 12 ҳолат;

– Номусоидии боду ҳаво – 63 ҳолат;

– Интизории роҳбалад – 2 ҳолат;

– Дигар ҳодисаҳо – 48 ҳолат.

Ба қавли Қурбони Алимардон, дар давраи ҳисоботӣ 790 нафар оид ба дер омадани бағоҷашон муроҷиат кардаанд, ки нисбати як соли қабл 609 муроҷиат зиёд аст.

Қурбони Алимардон афзуд, ки дер омадани бағоҷи мусофирон бо айби кормандони фурудгоҳҳои интиқолдиҳанда ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба амал омада, ба фаъолияти кормандони Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд алоқамандӣ надорад.

“Дер омадани бағоҷи шаҳрвандон бо гуноҳи ширкатҳои “Уралские авиалинии” – 281 маротиба, “Сибир” – 490 маротиба,  ҶСК “Сомон Эйр” – 14 маротиба, “Ямал”- 4 маротиба ва “Нордвинд” – 1 маротиба ба қайд гирифта шудааст”, – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, аз шумораи умумии муроҷиатҳо 755 эрод қонеъ карда шуда, 15 адади дигар дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2022 “Фурудгоҳи байналмилаии Хуҷанд” ба 910 ҳазору 973 нафар хизмат расонидааст, ки нисбати соли 2021-ум 537 ҳазору 274 нафар мусофир зиёд аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...