Боздошти 269 нафар дар фурудгоҳи Хуҷанд, ки дар ҷустуҷӯ қарор доштанд

Соли 2022–юм 269 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳти ҷустуҷӯ қарор доштанд, дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд боздошт шудаанд. Дар ин бора Қурбони Алимардон, директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” 14-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи Қурбони Алимардон, ҳамзамон 1294 нафар шаҳрвандоне, ки аз Русия ба Тоҷикистон хориҷ шуда […]

Соли 2022–юм 269 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳти ҷустуҷӯ қарор доштанд, дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд боздошт шудаанд. Дар ин бора Қурбони Алимардон, директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” 14-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи Қурбони Алимардон, ҳамзамон 1294 нафар шаҳрвандоне, ки аз Русия ба Тоҷикистон хориҷ шуда буданд, тавассути ин фурудгоҳ ба ватан баргаштаанд.

Қурбони Алимардон ҳамчунин гуфт, соли гузашта чанд парвоз ва бо чӣ сабаб ба таъхир афтодаанд:

– Бо таъхир омадани ҳавопаймо – 703 ҳолат;

– Нуқсони техникӣ дар ҳавопаймо – 16 ҳолат;

– Маҳдудияти фурудгоҳ – 12 ҳолат;

– Номусоидии боду ҳаво – 63 ҳолат;

– Интизории роҳбалад – 2 ҳолат;

– Дигар ҳодисаҳо – 48 ҳолат.

Ба қавли Қурбони Алимардон, дар давраи ҳисоботӣ 790 нафар оид ба дер омадани бағоҷашон муроҷиат кардаанд, ки нисбати як соли қабл 609 муроҷиат зиёд аст.

Қурбони Алимардон афзуд, ки дер омадани бағоҷи мусофирон бо айби кормандони фурудгоҳҳои интиқолдиҳанда ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба амал омада, ба фаъолияти кормандони Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд алоқамандӣ надорад.

“Дер омадани бағоҷи шаҳрвандон бо гуноҳи ширкатҳои “Уралские авиалинии” – 281 маротиба, “Сибир” – 490 маротиба,  ҶСК “Сомон Эйр” – 14 маротиба, “Ямал”- 4 маротиба ва “Нордвинд” – 1 маротиба ба қайд гирифта шудааст”, – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, аз шумораи умумии муроҷиатҳо 755 эрод қонеъ карда шуда, 15 адади дигар дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2022 “Фурудгоҳи байналмилаии Хуҷанд” ба 910 ҳазору 973 нафар хизмат расонидааст, ки нисбати соли 2021-ум 537 ҳазору 274 нафар мусофир зиёд аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...