Содир Ҷабборов ҳамаи президентҳои собиқи Қирғизистонро сари як дастархон ҷамъ кард

Asia-Plus

Содир Ҷабборов, Президенти кунунии Қирғизистон ҳамаи президентҳои собиқи ин кишварро сари як дастархон, аммо берун аз кишвар, ҷамъ кардааст.

Эрбол Султонбоев, сухангӯи президент гуфтааст, дар ин мулоқот президентҳои пешин Аскар Акаев, Қурмонбек Боқиев, Роза Отунбоева, Алмосбек Отамбоев ва Сооронбой Ҷеенбеков ширкат кардаанд. Ин мулоқот дар Дубай сурат гирифтааст, хабар медиҳад пойгоҳи хабарии Kaktusmedia.

Султонбоев гуфтааст, тафсилоти мулоқот дар муроҷиати Содир Ҷабборов ироа мегардад.

Дар ҳамин ҳол, Аскар Акаев, президенти собиқи Қирғизистон бо истиқбол аз мулоқоти мазкур навиштааст, ки “мустахкам намудани давлатдорию ваҳдати мардум вазифаи бевоситаю асосии конститутсионии президенти кишвар аст ва хурсандиовар аст, ки вай ба пурра ба амал баровардани ин вазифа шуруъ кардааст”.

“Шахсан ман ин ташаббусро дастгирӣ намуда, ҳамкасбонамро ба ояндаи обод ва таҳкими субот дар ҷомеаи Қирғизистон даъват кардам”, – навиштааст Аскар Акаев.

Алмосбек Отамбоев, президенти дигари пешини Қирғизистон, ки ҳафтаи гузашта аз зиндон раҳо шуд, дар саҳифаи фейсбуки худ навишт, ки “ибтидо ӯро танҳо ба мулоқоти президент Содир Ҷабборов ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев даъват карда буданд” ва ӯ дар хусуси сулҳу ваҳдат суҳбат кардааст.

"Аммо дар охири мулоқот вазъе пеш омад, ки ман бидуни хайру хуш онро тарк кардам. Барқарории сулҳу ваҳдат дар кишвари мо як чиз аст ва баргаштани Боқиевҳо ба Қирғизистон комилан чизи дигар. Ин дуро якҷо кардан натиҷаи комилан дигар медиҳад. Хуни зиёде рехта шудааст, чизҳои зиёде ҳаст, ки набояд фаромӯш шаванд ва фаромӯш нахоҳанд шуд. Албатта, ки бояд гунаҳкорон посух диҳанд. Ва нахуст бояд наздикони кушташудаҳо бахшанд. Ва ман умедворам, ки президент Содир Ҷабборов маро мешунавад ва тасмими дуруст мегирад”, – омадааст дар изҳороти Отамбоев.

Худи Содир Ҷабборов дар саҳифаи фейсбук навишт, ки бо ҳамаи президентҳои пешини кишвараш мулоқот кардааст. Вай навишт, “то замоне, ки роҳбарон муттаҳид нашаванд, ҷонибдорони онҳо муттаҳид нахоҳанд шуд”. Ба гуфтаи вай, “онҳо тавонистанд, ки ҳамдигарро бахшанд”.

Бояд гуфт, ки дар солҳои мутақилии Қирғизистон онро Аскар Акаев (1991-2005), Қурмонбек Боқиев (2005-2010), Роза Отунбоева (2010-2011), Алмосбек Отамбоев (2011-2017) ва Сооронбой Ҷеенбеков (2017-2020) роҳбарӣ кардаанд.

Акаев баъди инқилоби соли 2005 фирор кард, Боқиев баъди инқилоби соли 2010. Акае дар Русия ва Боқиев дар Белорус зиндагӣ мекунанд.

Роза Отунбоев кишварро баъди инқилоби соли 2010 роҳбарӣ кард. Ва Отамбоев президенти интихобшуда муҳлати муйаяни президентиро ба поён расонид. Вай 3,5 сол зиндонӣ буд ва охири ҳафтаи гузашта озод шуд. Ҷеенбеков баъди ҳодисаҳои октябрии соли 2020 пеш аз муҳлат президентиашро қатъ кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...